Ададҳои байнан сода

Ададҳои байнан сода — якчанд адади бутунро гӯянд, ки тақсимкунандаи умумии онҳо танҳо +1 ё – 1 аст. Агар ҳар кадоми ин ададҳо бо дигараш байнан сода бошад, онҳоро ҷуфт-ҷуфт сода меноманд. Масалан, ададҳои 6, 10 ва 15 байнан содаанд, вале ҷуфт-ҷуфт сода нестанд, ададҳои 5, 7 ва 16 ҷуфт-ҷуфт содаанд. Хурдтарин тақсимкунандаи каратии умумии ададҳои ҷуфт-ҷуфт содаи a1, a2…, an ба ҳосили зарби худи онҳо a1•a2•…•an баробар аст.

Эзоҳ вироиш

Сарчашма вироиш