Адибулмамолики Фароҳонӣ

Амирӣ (Мирзо Муҳаммадсодиқхони Фароҳонии Қоиммақомӣ, маъруф ба Адибулмамолик (1860, Арок — 1917, Теҳрон) — шоир ва рӯзноманигори эронӣ.

Адибулмамолики Фароҳонӣ
Таърихи таваллуд: 2 август 1861(1861-08-02), 2 август 1860(1860-08-02) ё 1861
Зодгоҳ:
Таърихи даргузашт: 1917 ё 21 феврал 1917(1917-02-21)
Шаҳрвандӣ (табаият):
Навъи фаъолият: шоир
Забони осор: форсӣ ва арабӣ

Зиндагинома вироиш

Набераи маорифпарвари машҳури Эрон Қоиммақоми Фароҳонӣ. Забонҳои арабӣ, русӣ, туркӣ, англисӣ, франсавиро медонист. Аз тариқи Кавказ ба Хоразм омад ва аз он ҷо ба Машҳад, сипас ба Боку рафт. Дар Боку замимаи форсии рӯзномаи «Иршод»-ро интишор мекард. Адибулмамолики Фароҳонӣ инчунин ношири рӯзномаҳои «Адаб» (1890 — 92), «Ироқи Аҷам» (1906), «Офтоб» (1913), «Маҷлис» мебошад. Аз соли 1910 то охири умр дар идораҳои адлияи шаҳрҳои Симнон, Язд ва ғ. кор кардааст.

Эҷодиёт вироиш

Адибулмамолики Фароҳонӣ шоири соҳибдевон аст. Дар девонаш, ки аз 25 ҳазор байт иборат аст, қасидаҳо, қитъаҳо, мусамматҳову таркиббандҳову тарҷеъбандҳояш фароҳам омадаанд. Мавзӯъҳои ашъори Адибулмамолики Фароҳонӣ иборатанд аз танқиди нобаробариҳои иҷтимоӣ, тарзи давлатдории феодалӣ, риёкориҳои кормандони додситонҳо, ташвиқи илму маориф, ватандӯстӣ ва ғ. Адибулмамолики Фароҳонӣ яке аз саромадони равияи демократии назми муосири Эрон (оғози а. 20) маҳсуб мешавад. Вай аз мӯътақидони анъанаҳои шеъри адабиёти классикии форс-тоҷик буд.

Эзоҳ вироиш

Адабиёт вироиш

  • Ёҳақӣ Муҳаммадҷаъфар, Чун сабуи ташна (Таърихи адабиёти муосири форсӣ), Т., 1375 ҳ. ш.

Сарчашма вироиш