Адҳам Сафарович Бобоев (11 июни 1935, деҳаи Зимтуд, ноҳияи Панҷакент — 4 апрели 2007, Душанбе) — физикдони тоҷик, доктори илмҳои физика ва математика (1981), профессор (1983).

Адҳам Бобоев
Адҳам Сафарович Бобоев
Таърихи таваллуд 11 июн 1935(1935-06-11)
Зодгоҳ Ноҳияи Панҷакент, ҶШС Тоҷикистон, ИҶШС
Таърихи даргузашт 4 апрел 2007(2007-04-04) (71 сол)
Маҳалли даргузашт Душанбе, Тоҷикистон
Кишвар  Тоҷикистон Тоҷикистон
Ҷойҳои кор Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ, Хадамоти назорати давлатии фаъолияти фармасевтӣ, Академияи таҳсилоти Тоҷикистон
Дараҷаи илмӣ: доктори илмҳои физика ва математика
Унвонҳои илмӣ профессор
Алма-матер Донишкадаи давлатии омӯзгории ш. Душанбе ба номи Т. Г. Шевченко

Зиндагинома вироиш

Хатмкардаи Донишкадаи давлатии омӯзгории ш. Душанбе ба номи Т. Г. Шевченко (1957). Дар Мактаби олии сиёсии ҳарбии назди Шӯрои Вазирони ИҶШС (ш. Свердловск, 1958-60) таҳсил намудааст. Ас­пиран­ти Институтифизикаи АИ ҶШС Озарбойҷон (1961-64). Мудири кафедраи физикаи Институтихоҷагии қишлоқи Тоҷи­кис­тон (1966-88). Таҳ­қиқоти ӯ ба омӯхтани хосия­т­ҳои ну­р­афканӣ ва нурфу­рӯ­барии бу­лӯрҳои фосфорӣ, усули пай­до кардани парда­ҳои ниҳоят тунук (1940-50) ва хосиятҳои электрооп­ти­кии кристаллҳои моеъ оиданд. Бобоев муаллифи зиёда аз 11 ихтироот буда, 5-тои онҳо дар ис­теҳсолот татбиқ шудаанд. Муаллифи беш аз 200 асару мақолаи илмист. Узви Шӯ­рои илмии сексияи кристал­л­ҳои моеи АИ ҶШС (аз с.1979), аз с.1965 узви ИЖ ИҶШС буд.

Осор вироиш

  • Қонунҳои ҳаракати озоди олами сағиру кабир ягонаанд. Д., 1971;
  • Назари ҷадид ба табиати мавҷҳои электромагнитӣ. Д., 1998;
  • Формулаҳои баробарвазни муайян кардани суръати рӯшноӣ. М., 1999.

Эзоҳ вироиш

Адабиёт вироиш

  • Энсиклопедияи советии тоҷик. Ҷ. 8. Д., 1988;
  • Чароғи равшан. Д., 2009;
  • Олиме, ки қонуни Нютонро инкор кардааст. Д., 2006.

Пайвандҳо вироиш

Сарчашма вироиш