Азобензол (C6H5N=NC6H5) — навъе аз азопайвастҳои ароматӣ; кристаллҳои сурхи ҷигарранг. Ду изомер дошта, трансизомери он нисбатан устувор аст; ҳарораташ гуд. 68°С. Дар об ҳал намешавад, дар кислотаи атсетати яхин, эфир, кислотаи консентронидаи сулфат ҳал мешавад. Азобензолро дар натиҷаи дар муҳити ишқорӣ бо иштироки станнити натрий ё моддаҳои ба ҳамин монанд барқарор намудани нитробензол ҳосил мекунанд. Азобензол дар нах боқӣ намемонад, бинобар ин чун ранг кор намеояд. Агар ба молекулаи он аминогурӯҳ ё оксигурӯҳ дохил карда шавад, дар он сурат ранги одитарин ҳосил кардан мумкин. Асоси бисёр рангҳои азобензолро ядрои азобензол ташкил медиҳад. Аз ин рӯ, ба ҳамаи рангуборе, ки дар онҳо ядрои азобензол мавҷуд аст, чун ҳосилаи азобензол назар мекунанд. Macалан, диметилазобензол – ранги зард, оксиазобензол – ранги ҷигарранг ва ғайра.

Эзоҳ вироиш

Сарчашма вироиш