Ҳоҷӣ Айниддин Гадозода (Айниддин Қурбонов; 19 июли 1946, деҳаи Ҳасанбегӣ, ноҳияи Совет — 23 июни 2022, Тоҷикистон) — рӯзноманигор, нависанда, узви Иттифоқи журналистони Тоҷикистон (1976), узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон (2012)

Айниддин Гадозода
Айниддин Қурбонов
Ном ба ҳангоми таваллуд: Айниддин Гадозода
Таърихи таваллуд: 19 июл 1946(1946-07-19)
Зодгоҳ: ноҳияи Совет
Таърихи даргузашт: 23 июн 2022(2022-06-23) (75 сол)
Навъи фаъолият:

Зиндагинома вироиш

Айниддин Гадозода 19 июли соли 1946 дар деҳаи Ҳасанбеки ноҳияи Совет (таваллуд шудааст. Баъди мактаби миёна факултаи таърихи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон (1976) ва Техникуми кишоварзии ноҳияи Коммунистӣ (ҳозира ноҳияи Бохтар)-ро хатм кардааст (1987). Фаъолияти меҳнатиро дар рӯзномаи «Навобод»-и ноҳияи Данғара (1963—1966) оғоз намуда, дар мактаби миёнаи № 4 ноҳияи Совет(1968—1970), газетаи «Барои Коммунизм» (1970—1976), радиои маҳаллии Комиҷроияи Шӯрои депутатҳои меҳнаткашони ноҳияи Совет (1976—1980) рӯзномаи «Барои коммунизм»-и ноҳияи Совет (1980—1982), Кумитаи иттифоқҳои касабаи совхози «50-солагии Тоҷикистон»-и ноҳияи Совет (1982—1994) адои хидмат кардааст. Вакили даъвати 9 Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Совет, ҷамоати деҳоти Ватану Танобчӣ интихоб шудааст. Аз соли 1994 то январи 2011 мудири шуъбаи фонди нафақа (ҳозира Агентии давлатии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа) будааст. Аз соли 1976 узви Иттифоқи журналистони Тоҷикистон ва аз соли 2012 узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон мебошад.

Эҷодиёт вироиш

Пайваста машғули эҷоди бадеӣ буда, офаридаҳояш дар авроқи китобҳои таърихӣ-публитсистӣ ва бадеии «Дар соҳили Сурхоб» (1990), «Ворисони Оли Сомон, аз Хатлонем» (1999), «Сипеҳри ҳафтод» (2000), «Ангораҳои таърихи тоҷик ва даҳ соли ду аср» (2001), «Дар дилу дидаи мардум» (2003), «Сипари гунбади сипеҳр» (2004), «Сафою санои Шариф-қаҳрамон» (2005), «Ориён — рӯшангари Шарқ» (2006), «Ҳабиби Худо» (2010), «Қомусномаи Айн» (2011), «Фаррухбол- иҷлосияи тақдирсози тоҷикон» (2012), «Шамими модар» (2014), «Ман аз Ҷарибкӯлам» (2016) ва ғ. ба чоп расидаанд.

Ҷоизаҳо вироиш

  • Ҷоизаи ба номи Абулқосим Лоҳутӣ (2012);
  • Ҷоизаи ба номи Носири Хусрав (2013);
  • Ифтихорномаи Президиуми Шӯрои Олии ҶШС Тоҷикистон (1976)
  • Нишони фахрии «Аълочии матбуот» (2004);
  • Медали «10-солагии Фонди ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ» (2006);
  • Нишони «Аълочии фарҳанг» (2007);
  • Нишони «Аълочии ҳифзи меҳнат ва аҳолӣ» (2009).[1]

Эзоҳ вироиш

  1. Адибони Тоҷикистон (маълумотномаи мухтасари шарҳиҳолӣ)./Таҳия ва танзими Асрори Сомонӣ ва Маҷид Салим. — Душанбе, «Адиб», 2014, — с. 68 ISBN 978-99947-2-379-9