Айрапетянс Данил Саркисович

Данил Саркисович Айрапетянс (27.09.1892, деҳаи Прҷамали вил. Қарабоғи Кӯҳистон – 02.04.1962, Душанбе), омӯзгор, ҳунарманди арман, Ходими хидматнишондодаи санъати ҶШС Тоҷикистон (1945).

Айрапетянс Данил Саркисович
Данил Саркисович Айрапетянс
Таърихи таваллуд 27 сентябр 1892(1892-09-27)
Зодгоҳ вилояти Қарабоғи Кӯҳӣ ИҶШС
Таърихи даргузашт 2 апрел 1962(1962-04-02) (69 сол)
Маҳалли даргузашт Душанбе
Кишвар Шаблон:Country data CCCР
Пеша(ҳо) омӯзгор

Зиндагинома вироиш

Данил Саркисович Айрапетянс аз соли 1915 дар ш. Самарқанд ва баъдан аз соли 1929 ш. Сталинобод (ҳоз. Душанбе) зистааст. Фаъолияташ ҳамчун мутриби театри навбунёди тоҷик (Театри давлатии драмавии ба номи А. Лоҳутӣ) оғоз ёфтааст. Дар Хуҷанд низ тӯли чанд сол дар Техникуми мусиқӣ-театрӣ ба номи Абулқосим Лоҳутӣ (ҳоз. коллеҷи санъати ба номи Содирхон Ҳофиз) кор кардааст. Айрапетянс омӯзгори созҳои миллӣ (рубобҳои кошғариву бадахшонӣ ва танбӯр) буда, дар қатори аввалинҳо дар ҷумҳурӣ бо нота омӯзондани ин созҳоро ҷорӣ намуд ва шогирдони зиёдеро ҳунар омӯзондааст. Ҳунармандони маъруф О. Назаров, Х. Қурбонбеков, Ҳ. Бандишоев, Ҳ. Мулкамонов, М. Атоев, Ҷ. Обидпур ва дигарон аз шумораи шогирдони ӯянд. Ҳамчунин ансамбли рубобчизанон, ки соли 1940 таъсис ёфта буд, ҳайаташ пурра шогирдони ӯ буданд. Айрапетянс дар ҳаммуаллифӣ бо Н. Понамаренко ва А. Шафран китобҳои «Мактаби дарси тор» ва «Мактаби дарси танбӯр»-ро таълиф намудааст.[1]

Эзоҳ вироиш

  1. Обидпур Ҷ. Луғатномаи тафсирии мусиқӣ / зери назари Б.Қобилова. – Душанбе: Аржанг, 2019. – С. 15 – 480 с. ISBN 978-999-47-43-90-2