Академи́зм (фр. académisme) — равияи соф назариявии санъати тасвирӣ, илм ва фарҳанг. Академизм дар академияҳои рассомии асрҳои 16 — 19 маъмул буд. Назарияи академизм ба догма асос ёфта, рассом аз доираи он берун намерафт; нусхабардории намунаҳои санъати тасвирии атиқа ва давраи Эҳё расм шуда, афзалият пайдо намуд. Академизм минбаъд барои инкишоф, тавсеа ва пешрафти санъати тасвирӣ монеъ гардид.

Эзоҳ вироиш

Сарчашма вироиш