Канакушҳо, акарисидҳо (аз юн.-қад. ἄκαρι — кана ва лот. caedo — мекушам) — моддаҳои химиявие, ки барои нобуд кардани канаҳо таъйин шудаанд. Барои несту нобуд кардани канаҳои рустанихӯр инсектисидҳои фосфорорганикӣ (метафос, метилнитрофос, трихлорметафос ва ғайра), хусусан инсектисидҳои системавӣ (фосфамид, метилмеркаптофос, октаметил ва ғайра) аҳамияти калон доранд. Спиртҳои ароматӣ, эфири кислотаҳо, сулфидҳо, сулфонҳо, азобензол, нитрофенолҳо, баъзе пайвастҳои органикии фтор, инчунин хокаю маҳлули сулфурро низ чун акарисидҳо истифода бурдан мумкин аст. Бо мақсади нобуд намудани канаҳои хунмак инсектисидҳои хлорорганикӣ, аз ҷумла келтан, милбекс, тедион (тетрадихлон), хлорбензид (хлорпарасид), хлорбензилат, эфирсулфонат (овотран), фосфорорганикӣ ва эфири кислотаҳои карбаминро кор мефармоянд.

Эзоҳ вироиш

Сарчашма вироиш