Аккордеон (фаронсавӣ accordeon) — 1) сози мусиқии забончадор, ки ба воситаи фишори ҳаво садо мебарорад. Аккордеон асосан аз 3 қисм иборат аст: а) клавиатураи тарафи чап, ки овозҳои аккордии тайёр доранд; б) клавиатураи тарафи рост, ки аз забонпардаҳо ва тугмаҳои регистр иборат аст; в) дамгоҳ, ки аз чарми табиӣ ё сунъӣ тайёр карда шуда, ду қисми авваларо бо ҳам мепайвандад ва онҳоро бо ҳаво таъмин мекунад. Аккордеон аз соли 1829 маълум аст. Гармоникаи онро устои венгерии арғунун К. Домиан такмил додааст. Аккордеон солҳои 30 асри 19 дар Австрия, Франсия, Германия, Белгия ва солҳои 50 асри 19 дар Италия, дар даҳсолаҳои охири асри 19 дар Англия, ШМА ва мамолики дигар паҳн гардидааст. Дар Россия номи аккордеон дар шакли «аккордион» охири асри 19 ва аввали асри 20 пайдо шудааст. Солҳои 80 асри 19 дар Россия аввалин дар ҷаҳон оркестри гармоникаи хроматикӣ таъсис ёфт.

Аккордеон (PianoAccordeon)

Аккордеон аз солҳои 60 то 90 садаи XX дар Тоҷикистон қариб дар ҳамаи ансамблу оркестр ва дастаҳои ҳунарӣ ба тарзи васеъ истифода мешуд; 2) номи гармоникаи хроматикии клавиатураи тарафи росташ ба фортепиано монандро гӯянд. Ин соз дар Русия нисбат ба дигар мамлакатҳои хориҷа пештар (асри 19) пайдо шуд. Клавиатураи тарафи дасти чап аз тугмачаҳои (аз 24 то 140) дорои алҳони тайёри аккордӣ иборат аст. Қатори 1 аз басҳои фаръӣ, 2 — аз басҳои асосӣ, 3 — аз сеовозаи мажорӣ, 4 — аз сеовозаи минорӣ, 5 — аз септаккорди доминантӣ ва 6 — аз септаккордҳои хурд иборатанд. Дар аккордеонҳои хурд баъзе қаторҳо (масалан 6-ум ва 1-ум) вучуд надоранд. Ғайр аз аккордеонҳои одӣ боз аккордеонҳои клавиатураашон комбинатсионӣ мавҷуданд. Ин аккордеонҳо 2 — 5 гурӯҳ забонакҳо барои клавиатураи дасти рост ва 4 — 5 гурӯҳ барои дасти чап доранд, ки ба тавассути тугмаҳои регистр ба кор дароварда мешаванд ва ин барои гуногунранг овоз додани тембри садо кумак мерасонад. Бо пайдо шудани сози барқии синтезатор аккордеон дар ансамблҳои эстрадӣ ва дигар дастаҳои ҳунарӣ тадриҷан мавқеи худро аз даст дода истодааст.

Нигаред низ вироиш

Эзоҳ вироиш

Сарчашма вироиш