Акмеизм («Адамизм») (аз лотинӣ akme дараҷаи олии ягон ашё, чизе) — равияи модернистӣ (навҷӯӣ) дар назми солҳои 10 садаи XX рус, ки дар натиҷаи бӯҳрони маданияти буржуазӣ дар даврони пеш аз инқилобӣ ба майдон омадааст. Намояндагони он Н. С. Гумилев, С. М. Городеский, А. А. Ахматова, О. Э. Менделштам ва дигарон доираи адабиеро бо номи «Коргоҳи шоирон» («Цех поэтов») таъсис дода, дар маҷалла «Аполлон» (1909 – 1917) муттаҳид шуданд. Акмеизмро аксаран «адамизм» меномиданд, ки бунёди он ба парастиши мабдаи биологии табиат нигаронида шуда, ба тамоми асоси иҷтимоӣ муқобил гузошта мешуд. Пайравони равияи мазкур истилоҳи «кларизм» (аз лотинӣ clarus – равшан даркшуда)-ро низ ба кор мебурданд. Мақсади пайравони акмеизм ислоҳи эстетика (зебоишиносӣ) ва поэтика (балоғат)-и символизм буд. Онҳо принсипи «Санъат барои санъат»-ро асос гирифта, сохти иҷтимоиро танқид намекарданд. Акмеизм чун ҷараёни адабӣ пас аз Инқилоби Октябр (1917) аз байн рафт.

Эзоҳ вироиш

Сарчашма вироиш