Актуализм (геология)

саҳифаи маъноҳои Викимедиа

Актуализм (лотинӣ actualis – ҳозира, воқеӣ) — дар геология, усули омӯзиши табиию илмии таърихи инкишофи Замин.

Нуқтаи назар вироиш

Нуқтаи назари актуализм чунин аст: «Ҳозира – калиди фаҳмиши гузашта». Актуализм ба он ақида асос ёфтааст, ки равандҳои геологии ҳозиразамон, шароити зоҳиршавӣ ва натиҷаи он ба ҷараёну ҳодисоти давраҳои гузаштаи геологӣ монанд аст. Аз ин рӯ, таҳшинҳои ҳозира, маҳсули оташфишонии вулқонҳои амалкунанда, релйеф ва ғайраро омӯхта, бо роҳи муқоиса бо ҷинсҳои дар гузашта пайдошуда (таҳнишастҳои органикӣ, ҷинсҳои вулқонӣ, релйеф ва ғайра) равандҳои геологӣ ва шароити табиию географии давраҳои гузаштаи геологиро тахминан муайян менамоянд. Азбаски Замин ҳамеша дар инкишоф аст, равандҳои геологии ҳозираю гузаштаро айнан монанд кардан мумкин нест, баъзе равандҳо танҳо барои давраҳои муайяни геологӣ хосанд (масалан, пайдоиши кварсидҳои оҳандори токембрий, пайдоиши бӯри давраи Табошир ва ғайра). Равандҳои геологии замони ҳозираро бо равандҳои гузашта айнан муқоиса кардан ба тафаккури метафизикӣ хос аст.

Таърих вироиш

Аввалин тасаввурот роҷеъ ба актуализм дар ибтидои ташаккули дониши инсон дар асотири қадим, ривоятҳои Таврот, асарҳои файласуфони натуралисти Дунёи Қадим пайдо шуда буд. Актуализм минбаъд барои баён кардани ҳодисаҳои геологӣ, аввал ба таври ҷузъӣ (дар Осиёи Марказӣ – Ибни Сино, Берунӣ – асрҳои 10 – 11, дар Италия Леонардо да Винчи – асрҳои 15 – 16 ва дигарон) ва дертар дар миёнаҳои садаи XVIII (дар Россия – М. В. Ломоносов, дар Британияи Кабир – Ҷ. Геттон ва дигарон) васеътар татбиқ ёфт. Дар садаи XIX олими англис Ҷ. Лейел актуализмро чун усули омӯзиши таърихи геологии Замин тавсия намуд, вале бино ба ақидаи ӯ равандҳои геологӣ бо мурури замон гӯё айнан такрор мешаванд (яъне дар ҳама вақту замон қонунҳои якхелаи табиат амал мекунанд). Чунин ақидаи нодуруст ҳоло ҳам дар байни баъзе олимони ҷаҳон вуҷуд дорад.

Эзоҳ вироиш

Сарчашма вироиш