Аланин — кислотаи α-амино-пропионат, аминокислотаи ғайрисиклӣ. Дар табиат васеъ паҳн шудааст (бо миқдори зиёд дар нахи абрешим вуҷуд дорад). Массаи молекула 89. Дар таркиби ҳамаи сафедаҳо мавҷуд аст. Дар организм дар ҳолати озод вомехӯрад. Ба қатори аминокислотаҳои ивазшаванда дохил аст, зеро дар организм зуд синтез мегардад. Аланини табиӣ аз ҷиҳати оптикӣ фаъол буда, атоми карбони ассиметрӣ дорад. Аланини синтезӣ аз ҷиҳати оптикӣ фаъол нест. β-аланин ё кислотаи β-аминопропионат дар мушак (дар намуди дипептид) аз тарафи олими рус В. С. Гулевич дар ёфт карда шудааст. Олими дигари рус М. В. Радионов бо кормандонаш усули хеле мувофиқи синтези β-аминокислотаҳоеро, ки пештар имконнопазир буданд, таҳия намуд. Мутобиқи он β-аминокислотаҳо дар натиҷаи таъсири ҳамдигарии алдегидҳо бо кислотаи малонат дар иштироки маҳлули спиртии аммиак ҳосил карда мешаванд. Дар шираи ангур то 60 фоизи умумии аминокислотаҳоро аланин ташкил мекунад. Аланинро ҳангоми ҷӯшиши спирт моя фаъолона ҷаббида, ҳангоми автолиз ихроҷ мекунад. Аланин маҳсули фаъолияти ҳаётии моя аст. Дар шароб асосан дар ҳолати озод (10 – 250 мг/дм3) вуҷуд дорад. Онро дар таркиби пептидҳо ва сафедаҳои май низ пайдо кардаанд. Ҳангоми ҷӯшиши спирт миқдори аланин дар май кам мешавад. β-аланин – NH2CH2CH2•COOOH дар май (дар шакли боқимондаҳо) танҳо дар ҳолати озод ошкор шудааст. Онро моя аз намакҳои аммиак ва кислотаи пироангур синтез мекунад. Аланин аз рӯи реаксия бо нингидрин муайн карда мешавад.

Эзоҳ вироиш

Адабиёт вироиш

  • Перекалин В. В., Зонис С. А., Органическая химия, М., 1966:
  • Несмеянов Н. А., Начало органической химии, т. 1, М., 1969;
  • Степаненко Б. Н., Курс органической химии, М., 1981;
  • Энциклопедия виноградарства, т. 1, Кишинев, 1986.

Сарчашма вироиш