Албит (лотинӣ аlbus – сафед) — минерали гурӯҳи шпатҳои даштӣ – плагиоглазҳо. Формулаи химиявиаш Na[AlSi2O8], системаи кристаллбандиаш – триклинӣ, кристаллҳояш хурди ҷадвалӣ, рангаш сафед ё зарди бӯртоб, ҷилояш шишагун, сахтиаш 6 – 6,5, зичиаш 2610 кг/м3. Албит чун минерали ҷинсофарин асосан дар таркиби ҷинсҳои ишқорӣ (граниту сиенитҳои ишқорӣ) ва пегматитҳо вомехӯрад. Албит дар таркибаш 11,67% Na2O, 19,35% Al2O3, 68,44% SiO2 ва ғашҳои K, Ca, Rb, Cs дорад. Албит душворгудоз буда, дар кислота суст ҳал мешавад. Ташаккули албит ба равандҳои метасоматикӣ марбут аст. Агрегатҳояш зич, шуоъдор ва дар шакли дона-дона мебошанд. Албити холис дар кулолгарӣ истифода мегардад. Барои ороиш намунаҳои хосияти «чашми гурба» доштаи албит ва дар таҳқиқоти илмӣ барои муайян кардани дараҷаи метаморфизм ба кор мебаранд.

Эзоҳ вироиш

Сарчашма вироиш