Александр Бёрнс (англ. Sir Alexander Burnes; 16 май 1805[1][2], Montrose[d], Angus[d]2 ноябр 1841[1][2], Кобул) — дипломати англис, капитани артиши Британияи Кабир, сайёҳ ва таҳқиқотчӣ, ки барои таҳқиқ ва барқарор намудани алоқаҳо бо Аморати Бухоро лақаби «Бёрнси бухороӣ»-ро гирифта буд.

Александр Бёрнс
Бёрнс, Александр
Сурат
Таърихи таваллуд 16 май 1805(1805-05-16)[1][2]
Зодгоҳ
Таърихи даргузашт 2 ноябр 1841(1841-11-02)[1][2] (36 сол)
Маҳалли даргузашт
Кишвар
Пеша гардишгар, диплумот, афсари низомӣ, мусофир
Ҷоизаҳо
 Парвандаҳо дар Викианбор

Зиндагинома вироиш

Аз 16-солагӣ дар хидмати ширкати Ҳинди Шарқии Британия буда, забони форсӣ ва ҳиндиро аз худ кардааст. Соли 1822 тарҷумон дар шаҳри Сурат, аз с. 1826 ёвари гумоштаи сиёсии Британия дар шаҳри Кач буд. Дар ин шаҳр ба таърих ва ҷуғрофияи шим. ғарби Ҳиндустон ва давлатҳои ҳамҷавор мароқ зоҳир намуд. Соли 1829 Бёрнс ташкили саёҳат ба болооби Ҳиндро бо мақсадҳои ҷамъоварии маводди ҷосусӣ пешниҳод намуд, вале ҳокимони англисии Калкутта бо назардошти вазъи сиёсӣ онро рад карданд. Соли 1831 Бёрнсро бо аспҳои туҳфа барои махараҷаи Панҷоб Ранҷит Сингҳ аз номи шоҳ Вилгелми IV ба Лаҳор фиристоданд. Ҷониби англис ҳокими Синдро бовар кунонд, ки аспҳои туҳфа саёҳати душвори хушкиро бардошта наметавонанд ва розигии саёҳатро ба воситаи дарёи Ҳинд гирифт. Лекин мақсади асосии англисҳо таҳқиқи дарё ва водии он, роҳҳои алоқа, вазъи сиёсӣ ва иқтисодии Афғонистон, Аморати Бухоро ва Эрон буд. Дар бозгашт Бёрнс либоси тоҷири арманиро ба бар карда, бо ёрии ҷосуси ҳиндӣ Моҳан Лал (1812—1877) Ҳиндукушро гузашта ба Афғонистон омад. Аз он ҷо дар наздикиҳои Тирмизи имрӯза аз дарёи Ому гузашта, ба Аморати Бухоро ворид шуд. Бёрнс ба саллаи худ компасро ҷой карда мавзеъҳои дидаашро ба коғаз ҷой медод. Дар бораи мавзеъҳои дурдаст ба воситаи ҷосусон, сайёҳон ва ҳамсафаронаш маълумот ҷамъ мекард. Бёрнс оид ба мавзеъҳое, ки пас аз Марко Поло (а. 13) пойи ягон сайёҳи аврупоӣ нарасида буд, маълумоти тозаи илмӣ ҷамъоварӣ намуд. Ӯ маълумоти ҷамъовардаашро бо унвони «Саёҳат ба Бухоро» с. 1834 дар Лондон дар 2 ҷилд чоп кард. Пас аз нашри англисӣ китоби Бёрнс машҳур гашта, ба забонҳои фаронсавӣ, олмонӣ ва русӣ тарҷума шуд. Ӯро ба узвияти Ҷамъияти шоҳии Лондон қабул карданд. Ҷамъияти ҷуғрофиёии Британия Бёрнсро бо медали тило ва Париж бо медали нуқра сарфароз гардониданд. Маълумоти Бёрнс оид ба марзи ҳозираи Тоҷикистон дақиқ набошанд ҳам, барои ҷуғрофияи Аврупо нахустин маълумот дар бораи ин ҳавза буд. Дар китоб дар бораи водии Ҳисор, Бадахшон ва лаъли машҳури он, Помири Шарқӣ маълумоти муфассал оварда шудааст. Соли 1835 Бёрнс ба Ҳиндустон баргашта, дар вазифаи иҷрогари суди вил. Синд хидмат намуд. Соли 1836 бо масъалаҳои сиёсӣ ба Кобул, ба дарбори Дӯстмуҳаммадхон ташриф овард. Б. ба генерал-губурнатори Ҳинд лорд Окленд (Ҷорҷ Иден) маслиҳат дод, ки барои Британия дар тахти Афғонистон мондани Дӯстмуҳаммадхон муфид аст. Лекин лорд Окленд фикри Вилям Макнаттенро тарафдорӣ намуда, ба тахти Афғонистон шоҳ Шуҷоъро барқарор карданӣ шуд, ки дар оқибат ба ҷанг бо Афғонистон оварда расонд. Баҳри амалӣ сохтани ин мақсадҳо Бёрнсро ба Кобул фиристоданд. Он замон ду давлати абарқудрат Россия ва Британия барои мустаҳкам намудани нуфузи худ дар Осиёи Марказӣ мубориза мебурданд, ки дар таърих чун «Бозии бузург» машҳур аст. Пас аз муваффақиятҳои ҳарбии Россия дар Эрон ва ба Россия ҳамроҳ намудани марзи Арманистону Озарбойҷон, дек. 1838 ҳукумати Британия 30 ҳазор сарбозро ба Афғонистон ворид намуда, шоҳ Шуҷоъро ба тахт нишонд. Ин ҷанги якуми афғону англис буд. Солҳои 1838-41 дар мавзеъҳои гуногуни Афғонистон шӯришҳо ба муқобили англисҳо ба амал омаданд. Ноябри 1841 дар Кобул шӯриш бар зидди англисҳо бархоста, шоҳ Шуҷоъ аз тахт сарнагун карда шуд. 2 нояб. 1841 шӯришгарон Бёрнсро ба қатл расонданд.

Осор вироиш

  • Бёрнс. Путешествие в Бухару. М., 1848-50;
  • Alexander Burnes. Travels into Bokhara. Being an account of a Journey from India to Cabool, Tartary and Persia. Also, narrative of a Voyage on the Indus from the Sea to Lahore (London: John Murray) 1834 3 Vols.;
  • On the Commerce of Shikarpur and Upper Scinde ⁄⁄ Transactions of the Bombay Geographical Society Vol. II 1836-8 (Bombay: American Mission Press) Reprinted 1844 pp315–9.

Эзоҳ вироиш

Адабиёт вироиш

  • Хидоятов Г. А. Британская экспансия в Средней Азии. Ташкент, 1981;
  • Тагеев Б. Л. Русские над Индией. М., 1998;
  • Леонтьев М. В. Большая Игра. Британская империя против России и СССР. М.,2012;
  • Сергеев Е. Ю. Большая игра, 1856—1907: мифы и реалии российско-британских отношений в Центральной и Восточной Азии. М., 2012. М. Холов.

Сарчашма вироиш