Алекса́ндр Гео́ргиевич Горшко́в (8 октябр 1946, Маскав17 ноябр 2022[1][2], Маскав) — варзишгар ва мураббии рус (рақси рӯи ях). Устоди хидматнишондодаи варзиши ИҶШС (1970). Мураббии хидматнишондодаи ИҶШС (1992), довари дараҷаи байналмилалӣ.

Александр Горшков
русӣ: Александр Георгиевич Горшков
Иттилоъоти инфиродӣ
Ҷинс мард
Кишвар
Тахассус искейти намойишӣ[d]
Зодрӯз 8 октябр 1946(1946-10-08)
Зодгоҳ
Таърихи даргузашт 17 ноябр 2022(2022-11-17)[1][2] (76 сол)
Маҳалли даргузашт
Қад 173 сантиметр
 Парвандаҳо дар Викианбор

Корнома вироиш

Дар таърихи рақси рӯи ях нахустин чемпиони Бозиҳои олимпӣ (1976) шуд. Чемпиони Бозиҳои олимпии зимистонӣ (1976, ҳамроҳ бо Л. Пахомова). Чемпиони ҷаҳон (1970-74, 1976), Аврупо (1970-71, 1973-76) ва ИҶШС (1969-71, 1973-75). Солҳои 1977-22 мураббии давлатӣ оид ба рақси рӯи яхи Кумитаи давлатии варзиши ИҶШС, 1992—2001 роҳбари Кумитаи олимпии Русия, 2001-10 ноиб-президенти Федератсияи минтақавии Маскав оид ба рақси рӯи ях дар конки ва президенти Ҷамъияти фонди хайрияи минтақавии «Санъати варзиш»-и ба номи Л. Пахомова буд. Аз июни 2010 президенти Федератсияи рақси рӯи яхи Русия.

Ҷоизаҳо вироиш

Бо орденҳои Байрақи Сурхи Меҳнат, Дӯстии халқҳо, «Нишони Фахрӣ» ва «Барои хидматҳо дар назди Ватан» сарфароз гардидааст.

Эзоҳ вироиш

Сарчашма вироиш