Алишер Соҳибов (4 сентябр 1981, ҶШС Қирғизистон24 октябр 2007[1], Уш) — рӯзноманигор ва хабарнигори ӯзбектабори Қирғизистон.

Алишер Соҳибов
Alisher Soipov
Сурат
Таърихи таваллуд 4 сентябр 1981(1981-09-04)
Зодгоҳ ҶСС Қирғизистон, СССР
Таърихи даргузашт 24 октябр 2007(2007-10-24)
Маҳалли даргузашт
Кишвар
Пеша рӯзноманигор, нависанда

Алишер Соҳибови 26-сола, сардабири ҳафтаномаи «Сиёсат» ва хабарнигори Садои Амрико, аз журналистоне буд, ки рӯйдодҳои хунини Андиҷонро дар соли 2005 бозтоб дода, сипас муддати тӯлонӣ ба таҳлилу баррасии онҳо пардохта буд. Вай рӯзи 24-уми октябр ҳангоме ки аз идорааш мебаромад, тирборон шуда, ба ҳалокат расид. Ягона шоҳиди маълуми ин қатл, таҳлилгари умури сиёсӣ ва коршиноси гурӯҳҳои мазҳабӣ, Иқбол Мирсаидов мегӯяд, тири аввал ба пои ӯ расид ва замоне ки ӯ афтод, ҳамлавар ба вай наздик омад ва ба сараш тир зад.[2]

Ҷеффрӣ Гедмин, президенти Радиои Аврупои Озод/Радиои Озодӣ (RFE/RL) гуфт: «Марги Соҳибов як рахнаи дигар дар рушди журналистикаи ҳирфаӣ ва мустақил дар Осиёи Марказист. Алишер, ҳатто баъд аз расман хотима додани вазифааш низ меҳмони пайвастаи барномаҳои Радиои Аврупои Озод/Радиои Озодӣ дар масъалаҳои ҳуқуқи инсон, озодии матбуот ва таҳаввулоти сиёсӣ дар Ӯзбекистон буд. Равобити мо амиқтар шуд, вақте Алишер ризоият дод, ки маводи барномаҳои бахши ӯзбекии моро дар рӯзномааш ба чоп расонад. Ҳамкорон ва дӯстони ӯ дар Радиои Аврупои Озод/Радиои Озодӣ талафоти бузурге доданд.» "[3]

Эзоҳ вироиш

Пайвандҳо вироиш