Мирзоюсуфи Фозил

(Тағйири масир аз Аллома Мирзоюсуфи Фозил)

Мирзоюсуфи Фозил (Мирзоюсуф Фозилзода, маъруф ба Эшони Мирзоюсуф; 1956, Оббурдон, Мастчоҳ — 25 сентябри соли 2016, Мастчоҳ) — олим ва орифи раббонӣ, бародари ориф ва шоири тоҷик Домулло Абдуррашиди Фозил

Мирзоюсуфи Фозил
Эшони Мирзоюсуф
Таърихи таваллуд 1956(1956)
Зодгоҳ деҳаи Оббурдон, ноҳияи Масчо, ҶШС Тоҷикистон, ИҶШС
Таърихи даргузашт 25 сентябр 2016(2016-09-25)
Маҳалли даргузашт ноҳияи Масчо
Фазои илмӣ ориф

Зиндагинома вироиш

Мирзоюсуфи Фозил маъруф ба «Эшони Мирзоюсуф» дар соли 1956 дар деҳаи Оббурдони ноҳияи Мастчоҳ чашм ба дунё гушуда. Ӯ улуми ибтидоии исломӣ ва сатҳро дар маҳзари қиблагоҳи худ Эшони Махдум — ки яке аз донишмандони маъруф дар водии Зарафшон ва Истаравшан буда — фаро гирифт ва ҳамчунин адабиёти порсӣ ва низ «Маснавии Маънавӣ»-ро ҳам дар назди падари худ омӯхтааст.[1]

Мирзоюсуф табаҳҳуре фавқулода дар адабиёти порсӣ ва ба хусус адабиёти ирфонӣ ва ба вижа дар «Маснавӣ» дошт, ҳамчунин тасаллути вай дар улуми исломӣ аз қабили тафсири Қуръони Карим ва ирфони исломӣ камназир буд. Ӯ солҳои 1997—1999 риёсати бахши ҲНИТ дар вилояти Суғдро бар уҳда дошт ва низ муддате узви Риёсати Олии ҲНИТ буд.

Мирзоюсуф шогирдони фаровонеро тарбият ва парвариш карда ва муддате имом-хатиби масҷиди ҷомеъи Аллома Иқболи Лоҳурӣ дар ноҳияи Мастчоҳи нав (Бӯстон) буд. Ин олими раббонӣ ашъори ирфонии зиёде суруда, ки порае аз он ашъор дар ду асари барҷоймонда аз вай, яъне «Меҳроби меҳр» ва «Наҷвои дил» ҷой гирифтаанд.

Намунаҳоеи ашъор вироиш

Касе меҳмони ин дунёи пир аст,
Яқин ӯро аҷал дунболагир аст
Чи даъво мекунад ман шоҳу мирам,
Чу некӯтар назар созад, асир аст.
***
Худо дорандаву инсон фақир аст,
Агарчанде, ки дунёдору мир аст.
Шавад ноком чун рӯзе бимирад,
Магар он к-ӯ Худояш дастгир аст.

Эзоҳ вироиш

Инчунин нигаред вироиш

Сарчашма вироиш