Алмос (аз калимаи юнонии adamas - мустаҳкам) минерал, ҳолати кристалии карбони холис - С. Санги киматбаҳои дараҷаи 1.Баъзан беранг, баъзан осмонранг, кабуд, зард, бӯр ва сиёҳ мебошад. Намудҳояш: борт-пайвастаи нодуруст ва кристаллҳои нуқсдори алмос, карбонадо-агрегатҳои сурохдори тунукдонаи ранги сиёҳдошта, баллас-агрегатҳои доирашакли радиолишуҷой, бриллиант-алмоси суфташудаи қиррадор. Алмосҳо аз ҷиҳати кимиёвӣ тоза беранганд. Рангҳои сиёҳ, кабуд, сабз, зард ва ғ. алмос низ вомехуранд. Синг. кубӣ, шаклҳои кристаллиаш-октаэдр, додекаэдри ромбӣ, куб ва ғ. Андозаҳои кристаллҳояш аз беҳад хурд то калон, ки вазнашон то ҳазорҳо карат мебошад. Калонтарин алмоси то ин вақт ёфташуда Куллинан аст, ки 3025 карат вазн дорад. Сахти 10. Вазни хос 3.5. Ҷилояш алмосӣ, чарс. Аломатҳои ташхисӣ. Сахтии баланд ва ҷилои алмосӣ. Пайдоишаш. Конҳои таҳҷоии (аслии) алмос бо ҷинсҳои ултраасосӣ – кимберлитҳо вобастаанд. Конҳои пошхӯрда низ ҳосил мекунад. Аҳамаяти амалӣ. Дар заргарӣ, дар пармакунии чоҳҳои, ҳангоми тайёр намудани асбобҳо, ҳамчун материали абразивӣ ва сайқалдиҳӣ истифода бурда мешавад. Конҳо. Таҳҷоӣ: Кимберли (АҶ), Еқутистон (Россия), Пошхурда: Панна (Ҳиндустон), Бразилия, Бирма, Африқои Ғарбӣ ва ғ.