Алт (лот. altus — баланд):

  1. партия дар хор ё ансамбли вокалӣ, ки бо овозҳои пасти бачагона ё овозҳои пасти занона (метсессо-сопрано, кон-тр-алто иҷро мешавад. Алт дар партитура аз тенор баландтар аст;
  2. овози пасти бачагона, ки меъёраш аз «ля»-и октаваи хурд то «ми»-и октаваи дуюм мерасад. Дар партитураҳои хорӣ партияи алт аксар дар мифтоҳи (калиди) «сол» навишта мешавад;
  3. сози тории камончадоре, ки сохти скрипкаро дошта, ҳаҷман калонтар аст. Сабаби аз скрипка (violino) паст садо додани алт ин аст, ки ҳаҷман аз он калонтар буда, ба қадри квинта (панҷ садо) паст ҷӯр мешавад. Торҳои алт чунин ҷӯр доранд: тори IV — до (с), тори III — сол (д), тори II — ре1 (d1), тори I — ля1 (а1). Меъёри овози алт аз «до»-и октаваи хурд то «ми»-и октаваи сеюмро фаро мегирад. Нотаҳо барои соз дар мифтоҳи алт ва скрипка навишта мешаванд. Тарзи навохтану хусусиятҳои овозбарории алт ба скрипка шабоҳат дорад. Алт дар садаи XVI пайдо шуд. Дар ансамбл (иштирокчии ҳатмии квартети созҳои камончадор) ва оркестри симфонӣ (одатан дар оркестр 8 — 10 алтнавоз) истифода мешавад. Алтро чун сози якканавозӣ низ ба кор мебаранд;
  4. алт ё алтгорн сози нафасии мисӣ, ки дар оркестри нафасӣ ҷой дорад;
  5. яке аз созҳои оркестрӣ (думбураи алт, ғижаки алт ва ғайра).

Эзоҳ вироиш

Сарчашма вироиш