Алфия Аҳрóрова (Аҳророва Алфия Додохоновна; тав. 9 августи 1943, Андиҷон, ҶШС Ӯзбекистон) — иқтисоддони тоҷик. доктори илми иқтисод(1983). Корманди шоистаи Тоҷикистон (2002).

Алфия Аҳророва
Аҳророва Алфия Додохоновна
Таърихи таваллуд 9 август 1943(1943-08-09) (80 сол)
Зодгоҳ Андиҷон, ҶШС Ӯзбекистон
Кишвар  Тоҷикистон
Фазои илмӣ иқтисод
Ҷойҳои кор Донишгоҳи техникии Тоҷикистон, (аз соли 1972)
Дараҷаи илмӣ: номзади илмҳои иқтисод
Алма-матер Донишгоши техникии Тоҷикистон ба номи Муҳаммад Осимӣ
Ҷоизаҳо Корманди шоистаи Тоҷикистон (соли 2002)

Зиндагинома вироиш

Алфия Аҳророва 9 августи соли 1943 дар дар шаҳри Андиҷон, Ӯзбекистон таваллуд шудааст. Дар мактаби миёнаи ҳамин шаҳр таҳсил кардааст. Соли 1965 факултети энергетикаи ИПТ (ҳозира Донишгоши техникии Тоҷикистон ба номи Муҳаммад Осимӣ)-ро хатм кардаСолҳои 1976-1978 рассом-ороишгари колхози Ленингради ноҳияи Кӯлоб буд. Дар Пажӯҳишгоҳи марказии иқтисодӣ-математикии Академияи Илмҳои ИҶШС (шаҳри Маскав) чун коромӯз-таҳқиқотгар ва баъдан аспирант таҳсилро идома дод.

Кор ва фаъолият вироиш

Аз соли 1972 дар Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба ҳайси муаллими калон, дотсент, профессор, мудири кафедра, ноиби ректор оид ба илм кор карда, фаъолияти омӯзгориашро то ҳол идома медиҳад.

Фаъолияти илмӣ вироиш

Таҳқиқоти илмии Алфия ба масоили сармояи энергетикӣ, иқтисод ва менеҷменти маҷмуа (комплекс)-и энергетикӣ, муносибгардонии маҷмуаи гармидиҳӣ-энергетикӣ, амнияти иқтисодӣ ва обӣ-энергетикӣ, сиёсати тарофавӣ дар электроэнергетика, роҳҳо ва воситаҳои таъмини истиқлоли энергетикии Тоҷикистон ва ғайра бахшида шудаанд.

Китобҳо вироиш

  • Вопросы рационализации энергоиспользования в регионе. М., 1987;
  • Проблемы эффективности энергетического комплек­са Таджикской ССР. Д., 1988;
  • Интенсификация энергетики Таджикис­тана. Д., 1988;
  • Энергетика Таджикистана: современные тенденции и перспектива устойчивого развития. Д., 2005;
  • Терминологический словарь «Энергетика». Д., 2009

Ҷоизаҳо вироиш

Корманди шоистаи Тоҷикистон (соли 2002)

Эзоҳ вироиш

Сарчашма вироиш