Амрияздон Алимардонов

Амрияздон Алимардонов (2 ноябри 1938, деҳаи Равнов, ноҳияи Қалъаихум, ҳозира Дарвоз — 15 марти 2010, Душанбе) — адабиётшинос-шарқшиноси тоҷик.

Амрияздон Алимардонов
Таърихи таваллуд 2 ноябр 1938(1938-11-02)
Зодгоҳ ноҳияи Дарвоз
Таърихи даргузашт 15 март 2010(2010-03-15) (71 сол)
Маҳалли даргузашт Душанбе
Кишвар  Тоҷикистон

Зиндагинома вироиш

Амрияздон Алимардонов Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В. И. Ленинро хатм кардааст (1961). Аз соли 1961 корро дар шуъбаи шарқшиносӣ ва осори хаттии АИ ҶТ (аз соли 2011 Институти забон, адабиёт, шарқшиносӣ ва мероси хаттӣ) шурӯъ карда, аз лаборанти калон то ба мудири Шуъбаи тавсифи дастхатҳо ва таҳияи феҳристҳо расид. Аз соли 2006 то охири умр мудирии шуъбаи Ҳинду Покистонро дар Институти забон, адабиёт, шарқшиносӣ ва мероси хаттии АИ ҶТ ба уҳда дошт.

Осори илмӣ вироиш

Самтҳои таваҷҷуҳи илмии Алимардонов масъалаҳои таҳқиқи таърихи адабиёти форс-тоҷик, таърихи адабиёти форсизабони Ҳинду Покистон, матншиносӣ, нусхашиносӣ, тасаввуф, муносибати дини ислом ба соҳаҳои гуногуни ҳунару фарҳанг буданд. Доир ба масъалаҳои мазкур вай 350 асар — монографияҳо, мақолаҳои пурмӯҳтавои илмӣ, сарсуханҳо ба осори чопшуда ва ғайра навиштааст, ки дар Тоҷикистон ва берун аз он ба табъ расидаанд. Ба қалами Алимардонов асарҳои илмии тадқиқии «Зиёуддини Нахшабӣ ва „Тӯтинома“-и ӯ», «Абулфазли Алломӣ ва „Иёри дониш“-и ӯ», «Муносибати дини мубини ислом ба мусиқӣ, рақсу суруд ва санъати тасвирию хаттотӣ», «Замина ва омилҳои равнақу тавсиаи илму адаби форсу тоҷик дар асри X ва нимаи аввали асри XI» ва ғайра тааллуқ доранд. Матни асарҳои Хусрави Деҳлавӣ «Ҳашт биҳишт», Муҳаммади Қодирӣ «Тӯтинома», «Иёри дониш», «Таърихи исмоилия» (ҳамроҳи С. Шохуморов) ва ғайраро бо муқаддимаҳои муфассал ва шарҳу тавзеҳот ба табъ расондааст. Яке аз таҳиягарон ва мураттибони китоби намунаҳои наср «Дурдонаҳои наср» мебошад. Дар Шуъбаи тавсиф ва таҳияи феҳристҳо, ки Алимардонов мудир буд, феҳристи дастхатҳои Ганҷинаи дастнависҳои шарқии Институти шарқшиносӣ ва мероси хаттии АИ ҶТ дар чаҳор ҷилд омода гардида, с-ҳои 1997—2004 дар Эрон ба табъ расид. Тавсифи сеяки дастнависҳоро Алимардонов анҷом додаст. Бо роҳбарӣ ва иштироки фаъолонаи Алимардонов бори аввал дар Тоҷикистон феҳристи электронии 500 нусха даснависи нодири қаламӣ ва музайян (зебу зиннат ёфта) ба забони тоҷикӣ, хатти форсӣ ва англисӣ тартиб дода шуд. Алимардонов яке аз муаллифони пурмаҳсули нашрияҳои энсиклопедӣ — ЭСТ, «Энсиклопедияи адабиёт ва санъати тоҷик» буд. Дар конференсияҳову симпозиумҳои ҷумҳурӣ ва кишварҳои хориҷа иштирок ва суханрониҳо кардааст. Бо роҳбарии Алимардонов се нафар рисолаҳои номзадӣ дифоъ намуданд. Бо ордени Шараф, Ифтихорномаи Ҳукумати Ҷумҳурии Қазоқистон қадрдонӣ шудааст.

Эзоҳ вироиш

Адабиёт вироиш

  • Шарқшиносии тоҷик (1958—2008). — Душанбе, 2009.

Сарчашма вироиш