Анаксиме́ни Милетӣ (юн.-қад. Ἀναξιμένης, 585/560525/502 то м., Милет) — файласуфи Юнони Қадим, намояндаи охири (сеюмин)-и Мактаби Милет, шогирди Анаксимандр.

Анаксимен
юн.-қад. Ἀναξιμένης
Таърихи таваллуд тақрибан 585 то м.[1]
Зодгоҳ
Таърихи даргузашт тақрибан 525 то м.[1] ё тақрибан 528 то м.[2]
Маҳалли даргузашт
Фазои илмӣ фалсафа ва literary activity[d][3]
 Парвандаҳо дар Викианбор
Анаксимен

Таълимот вироиш

Анаксимен таълимоти ҷиддии монистиро инкишоф дод, ки мувофиқи он тамоми ашё аз ҳаво пайдо шуда, шаклҳои тағйирёфта («маҳсул»)-и он ба шумор мераванд ва дар натиҷаи ғафсу тунук шудани ҳаво ба вуҷуд меоянд. Хусусиятҳои дигари тағйирёбандаи ашё (мас., гармою сармо) аз ҳамин ҷараёни асосӣ бармеояд. Мувофиқи таълимоти космогонии Анаксимен дар натиҷаи фушурдашавии ҳаво (ба мисли намадмолӣ) аввал Замини комилан ҳамвор («тахт») пайдо мешавад, ки дар ҳаво муаллақ меистад. Сонӣ баҳрҳо, абрҳо ва дигар чизҳо пайдо мешаванд. Ҷирмҳои мунири осмонӣ дар натиҷаи бухоршавии ҷисмҳои заминӣ ба вуҷуд меояд. Онҳо ба боло баромада, табиати оташро касб мекунанд. Аъёни собита, ба фикри Анаксимен, дар осмон гӯё мехкӯб карда шуда, дигар мавҷудот, аз ҷумла Офтобу Моҳ ба мисли оташпораҳо дар ҳаво шино мекунанд. Ҳавои «беинтиҳо»-и Анаксимен манбаи нафасу ҳаёт аст, он тамоми оламро пӯшондааст ва мисли он ки нафси инсон ҷисми онро нигоҳ медорад, ҳаво ҳам тамоми оламро нигоҳ медорад. Анаксимен усули қиёсро дар таълимоташ васеъ истифода бурдааст.

Эзоҳ вироиш

Адабиёт вироиш

  • Фрагменты ранних греческих философов, т. 1. — М.: Наука, 1989. — С. 129—135.
  • Лосев А. Ф. История античной эстетики. Ранняя классика. — М.: Ладомир, 1994. — С. 312—317.
  • Таннери П. Первые шаги древнегреческой науки. — СПб., 1902.
  • Томсон Дж. Исследования по истории древнегреческого общества, т. 2. Первые философы. Пер. с англ. — М.: 1959. — С. 153—154.
  • Трубецкой С. Н. Курс истории древней философии. — М.: Русский двор, 1997.
  • Bicknell P. J. Anaximenes’ Astronomy // Acta Classica. — 1969. — Vol. 12. — P. 53-85.
  • Graham D. W. Explaining the Cosmos: the Ionian Tradition of Scientific Philosophy. — Princeton, NJ: Princeton University Press, 2006.
  • Graham D. W. A New Look at Anaximenes // History of Philosophy Quarterly. — 2003. — Vol. 20(1). — P. 1—20.
  • White S. A. Milesian Measures: Time, Space, and Matter // In: P. Curd and D. Graham (Eds.), Oxford Handbook to Presocratic Philosophy. — Oxford: Oxford University Press, 2008. — P. 89—133.

Пайвандҳо вироиш

Сарчашма вироиш