Анатоксин (Anatoxinum), токсоид — ҳосилаи безарари токсин, ки хосияти антигенӣ ва иммуногении онро гум накардааст.

Анатоксинро бо роҳи дар 37 — 40°С бо ёрии формалин безарар гардондани токсин ҳосил мекунанд. Анатоксини барои иммунизатсияи одамон зарурро соли 1923 иммунологи франсавӣ Гастон Рамон ҳосил кардааст. Барои пешгирии бемориҳои кузоз ва гулӯзиндонак (дифтерия) анатоксини зидди кузоз ва зидди дифтерияро истифода мебаранд. Анатоксинҳои стафилококкӣ, ботулинӣ, дизентериявӣ, зиддизаҳрӣ ва ғ. низ мавҷуданд. Анатоксинро барои иммунизатсияи аспҳо (бо мақсади аз онҳо гирифтани зардоби антитоксинӣ барои табобат) низ кор мефармоянд.

Ҳамчунин нигаред вироиш

Эзоҳ вироиш