Анатолий Галиевич Мансуров

Анатолий Галиевич Мансуров (тав. 24. 09. 1939, ноҳияи Колхозобод), муҳандис-механик, номзади илмҳои техникӣ (1988), дотсент (1991).

Зиндагинома вироиш

Соли 1966 факултети мехнизатсияи Донишкадаи давлатии хоҷагии қишлоқи Тоҷикистонро хатм кардааст. Солҳои 1966– 1967 муҳандис-механики колхози Москваи ноҳияи Вахш, 1967–1971 муаллими техникуми индустралӣ-омӯзгории ш. Душанбе, 1971–1974 аспиранти Донишкадаи давлатии хоҷагии қишлоқи Тоҷикистон, 1974– 1993 муаллими калон, дотсент, мудири кафедраи механикаи техникӣ ва нақшакашӣ, муовини декани факултети муҳандисии Донишгоҳи давлатии омӯзгории ш. Душанбе ба номи Қ. Ҷӯраев буд. Дар муддати 19 соли фаъолияти омӯзгорияш дар донишгоҳи омӯзгорӣ дар тарбияи ҳазорон мутахассисон саҳми калон гузоштааст. Соли 1993 аз ш. Душанбе кӯч баста рафтааст. Муаллифи зиёда аз 10 мақолаҳои илмӣ аст.

Пайвандҳо вироиш