Анвар Сулаймонов (Сулаймонов Анвар Асрорович 31 августи 1941, гуз. Тошкандии Самарқанд 30 апрели 2004, Душанбе) — аввалин наттоқи телевизиони Тоҷикистон, «Аълочии телелевизион ва радиои тоҷик» (1989). узви Иттифоқи журналистони Тоҷикистон (аз соли 1986), узви Иттифоқи киноматаграфистони Тоҷикистон Тоҷикистон (аз соли 1988).

Анвар Сулаймонов
Сулаймонов Анвар Асрорович
Таърихи таваллуд 31 август 1941(1941-08-31)
Зодгоҳ Самарқанд, ҶШС Ӯзбекистон
Таърихи даргузашт 30 апрел 2004(2004-04-30)
Маҳалли даргузашт Душанбе
Шаҳрвандӣ Парчами Тоҷикистон Тоҷикистон

Зиндагинома вироиш

Анвар Сулаймонов Бахши форсии факултети шарқшиносии Университети давлатии Тоҷикистон ба номи В. И. Ленин (1963), шуъбаи рӯзноманигори факултети кадрҳои идеологии Университети марксизм-ленинизми назди кумитаи ҳизбии ш. Душанберо хатм кардааст (1976). Наттоқи Кумитаи телевизион ва радиои назди Совети Вазирони Тоҷикистон (1960—1965), тарҷумон дар яке аз сохтмонҳои шӯравӣ дар Афғонистон (1965—1967), мушовири Радиои Афғонистон (1968—1983), директори Радиои тоҷик дар Кумитаи телевизион ва радиои назди Совети Вазирони Тоҷикистон ва сипас Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон(1983—2004). Бо орден ва медалҳои Ҳукумати Тоҷикистон ва Афғонистон мукофотонида шудааст.[1]

Эзоҳ вироиш