Ангушт — қисми интиҳои дасту пои одам ва ҳайвонот.

Ангуштони дасти инсон

Одам вироиш

Ангушти одам бинобар рост будани қомат ва ба узви корӣ табдил ёфтани даст куллан тағйир ёфтааст. Ангушт қисми муҳими даст буда, барои доштани чиз, иҷрои амал ва ғ. хидмат мекунад. Сарангушт вазифаи идора карданро ба ҷо меорад, ангушти саббоба (ангушти ишорат) пас аз сарангушт ҳаракат мекунад, ангушти вусто (ангушти миёна) барои бо сарангушт ва ангушти саббоба чангаквор чизеро дош-тан пешбинӣ шудааст. Ангуштҳои бинсир ва хинсир (ангушти ятимак) ба онҳо ёрӣ мерасонанд. Ҳар як ангушт буғум, мушак, раги хун ва лимфа дорад. Дар пӯсти ангушт асабҳои бисёр мавҷуданд. Ретсепторҳои он чун аъзои ҳис хидмат мекунанд (хусусан дар нӯги панҷа). Баъзан дар натиҷаи ихтилоли раванди инкишофи ҷанин дар батни модар адади ангушт каму зиёд мешавад ё кӯдак беангушт ба дунё меояд. Беангуштӣ адактилия, зиёдангуштӣ полиадактилия ва камангуштӣ олигоадактилия ном гирифтааст.

Ангуштони даст вироиш

Мақолаи асосӣ: Ангушти даст

Ангуштони по вироиш

Мақолаи асосӣ: Ангушти по

Эзоҳ вироиш

Адабиёт вироиш

  • Наглядная анатомия (тарҷ. аз англ.), М., 2002;
  • Анатомия человека, М., 2004.

Сарчашма вироиш


Пайванд вироиш

Шаблон:Anatomy-stub Шаблон:Даст