Андарзи Хусрави Қубодон

«Андарзи Хусрави Қубодон» — яке аз асарҳои адабиёти паҳлавист.

Андарзи Хусрави Қубодон

Матни боқимондаи он (13 банд) андарзи ба забони паҳлавӣ-форсии миёна навишташуда мебошад, ки гӯё шохи сулолаи Сосониён Хусрави Анӯшервон (ҳукмронӣ 531 – 531) ҳангоми дар бистари марг буданаш ба ҷаҳониён, умуми мардум муроҷиат карда гуфтааст. «Андарзи Хусрави Қубодон» ба шакл ва услуби аксар андарзномаҳои паҳлавӣ (нигар Андарзнома), яъне дар рӯҳияи дини зардуштӣ нигошта шудааст. Нигорандаи «Андарзи Хусрави Қубодон» аз номи Хусрави Қубодон, ки дар осори адабии асрҳои миёнаи форс-тоҷик «Анӯшервони Одил» ном гирифтааст, мардумро ба худотарсӣ, андеша кардан аз оқибату охират даъват мекунад. Дар «Андарзи Хусрави Қубодон» бандҳое низ ҳастанд, ки дар онҳо мардум ба некиву накӯкорӣ, ростгӯӣ, каримӣ, ғамхори дарвешону нодорон будан, ба панди устод гӯш додан ва ғайра даъват карда мешаванд. Масалан: «Оину паймон ба кор доред ва ба кору қонун розу рост ва (бо) ростон ҳамсухан бошед», «Ба баҳраи хеш хурсанд бошед ва баҳраи дигар кас (ба ғорат) мабаред»; («Аз») некон бош, то биҳиштӣ бошӣ». «Андарзи Хусрави Қубодон» ба забонҳои англисӣ, гуҷаротӣ, форсӣ, тоҷикӣ, русӣ тарҷума ва тафсир шудааст.

Эзоҳ вироиш

Адабиёт вироиш

  • Андарзи Хусрави Қубодон. Матни паҳлавӣ бо тарҷума, ҳавошӣ ва фарҳанги паҳлавӣ, Т., 1329 ҳ. ш.;
  • Саймиддинов Д., Адабиёти пахлавӣ, Д., 2003; Мутуни паҳлавӣ, Т., 1371 ҳ. ш.;
  • Изведать дороги и пути праведных, М., 1991;
  • Тафаззулӣ Аҳмад, Таърихи адабиёти Эрон пеш аз ислом, Т., 1376 ҳ. ш.

Сарчашма вироиш