Андозҳои маҳаллӣ — чунин маблағҳое мебошанд, ки ба буҷаҳои маҳаллии дахлдор ворид карда мешаванд. Ба андозҳои маҳаллӣ андоз аз фурӯши чакана, андоз аз амволи ғайриманқули шахсони воқеӣ ва андоз барои нигоҳдории нақлиёти ҷамъиятии мусофиркаш дохил мешаванд. Маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ дар нисбати андозҳои дар боло зикргардида ҳуқуқҳои зерин доранд; 1) категорияҳои алоҳидаро аз ҳайати андозсупорандагон истисно намоянд ё барои онҳо меъёри камкардашуда муқаррар кунанд; 2) унсурҳои алоҳидаро аз манбаи андозбандӣ хориҷ ё нисбат ба онҳо меъёри камкардашударо истифода баранд; 3) меъёри камкардашудаи андозҳои маҳаллиро истифода баранд.[1].

Нигаред низ вироиш

Эзоҳ вироиш

  1. Фарҳанги истилоҳоти ҳуқуқ / Зери таҳрири Маҳмудов М.А. - Душанбе: ЭР-граф, 2009. - с.50