Андози ягона барои истеҳсолкунандагони маҳсулоти кишоварзӣ

Андози ягона барои истеҳсолкунандагони маҳсулоти кишоварзӣандози намуди навест, ки меъёри андозбандиро аз рӯйи якчанд намудҳои андоз расман иваз кардааст. андозсупорандагони ин намуди андоз шахсони ҳуқуқӣ ва хоҷагиҳои деҳқонӣ, ширкатҳои хоҷагидорӣ ва кооперативҳои истеҳсолӣ мебошанд, ки барои онҳо замин воситаи асосии истеҳсолот аст. Маблағи андози ягона аз натиҷаҳои фаъолияти хоҷагии истеҳсолкунандаи маҳсулоти кишоварзӣ вобаста нест. Истеҳсолкунандагони маҳсулоти кишоварзӣ, ки дар давоми фаъолияташон бо андози ягона андозбандӣ шудаанд, аз супоридани андоз истифодабарандагони роҳҳои автомобилгард, андоз аз арзиши иловашуда, андоз аз фоидаи шахсони ҳуқуқӣ, андоз ҳадди ақал аз даромадҳо, андози замин, андозе, ки тибқи низоми соддакардашуда супорида мешавад озод карда мешаванд. Меъёрҳои андози ягона барои истеҳсолкунандагони маҳсулоти кишоварзӣ аз ҳар га замин барои соли тақвимӣ (бо сомонӣ) бо дарназардошти номи минтақаҳои кадастрӣ ва намудҳои заминҳои киштшаванда ва дарахтони бисёрсола тафриқабандӣ шудаанд. Дар заминҳои обие, ки амалан барои парвариши пахта истифода мешавад, меъёри андози ягона барои истеҳсолкунандагони маҳсулоти кишоварзӣ дар ҳаҷми нисфи меъёри дар Кодекси андоз зикрёфта муқаррар мешавад.

Эзоҳ вироиш

Сарчашма вироиш