Андрей Дмитриевич Гончаров

Андрей Дмитриевич Гончаро́в (22 июл 1903[1] ё 9 [22] июл 1903[2], Маскав6 июн 1979[3][1][2], Маскав) — нигоштор, наққош, рассом ва тарроҳи саҳна, Ходими хидматнишондодаи санъати Русия (1969), узви вобастаи Академияи рассомии ИҶШС (1973), Рассоми халқии Федератсияи Русия (1979).

Андрей Дмитриевич Гончаров
Суратҳо
Таърихи таваллуд 22 июл 1903(1903-07-22)[1] ё 9 (22) июл 1903[2]
Зодгоҳ:
Таърихи даргузашт 6 июн 1979(1979-06-06)[3][1][2] (75 сол)
Маҳалли даргузашт
Мамлакат:
Жанр тасвирсозӣ[d] ва нигоштор

Зиндагинома вироиш

Дар студияи К. Ф. Юон (1915-17), Институти олии рассомӣ-техникии Маскав (ВХУТЕЙН) дар назди И. И. Мишаков, А. В. Шевченко, В. А. Фаворский (1918 −27) таҳсил кардааст. Яке аз бунёдгузорони Иттиҳодияи дастгоҳнигорони театр (1925). Аз соли 1923 дар рӯзномаҳо, моҳномаҳо ва нашриётҳо ҳамчун тарроҳу тасвиргар кор кардааст. Дар мактабҳои рассомии Маскав (аз соли 1927, профессор аз соли 1958) дарс додааст. Ба Г. сиёҳқаламиҳои китобиаш, ки ба онҳо амиқии диди бадеӣ, хушманзарагӣ, равиши дақиқу нозук ва муҷазбаёнӣ хоссанд, шуҳрати бузург оварданд. Г. 160 китобро ороиш додааст, ки «Фауст»-и И. Гёте, «Ашъори мунтахаб»-и Ф. Петрарка, достонҳои «Пан Тадеуш»-и А. Мискевич ва «Дувоздаҳ»-и А. Блок, асарҳои Лопс де Вега, Э. Хеменгуэй, Ф. М. Достоевский, В. Шекспир, А. Н. Островский аз ҷумлаи онҳоанд. Ӯ беш аз 30 намоишнома ва 3 балетро низ ороиш додааст. Дорандаи Мукофоти давлатии ИҶШС (1971).

Эзоҳ вироиш

Сарчашма вироиш