Ано́нс (фр. annonce — хабардоркунии оммавӣ) — хабардоркунии қаблӣ дар бораи рӯйдод (консерт, намоишнома, намоиши кинофилм, нашри китобҳо ё барномаҳои компютерӣ ва ғайра). Анонс метавонад дар шакли эълоннома, матолиб дар васоити ахбори омма ё эълон тариқи телевизион ва радио бошад. Дар анонс баробари эълони рӯйдод, одатан, доир ба рӯйдод маълумоти асосӣ дода мешавад (шарҳи мухтасари филм, барномаи консертӣ).

Эзоҳ вироиш

Нигаред низ вироиш

Сарчашма вироиш