Ансамбли рақсии «Зебо»

Ансамбли рақсии «Зебо»11 майи соли 1979 назди Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон (пештар Телевизион ва радиои давлатии ҶШС Тоҷикистон) таъсис дода шуда буд. Зебо Аминзода, ки дар он вақт вазифаи роҳбари ансамблро ба уҳда дошт, дар асоси озмун 25 нафар духтаронро интихоб намуда, баъдан 10 нафар духтарони зебою истеъдодноктарин ба ансамбл қабул шуданд. Минбаъд, якчанд дастаҳои рақсӣ аз хурдсолон ва наврасон ташкил карда шуданд, ки назди ансамбл маҳорати рақсро меомухтанд.

Тибқи нигоштаи И. Раҳимов: «Репертуари «Зебо» гуногунранг ва бой буда, истифодаи унсурҳои рақси халқӣ, хусусиятҳои рақси классикию миллӣ, татбиқӣ, эҷодкоронаи ҷузъҳои таркибии рақси халқҳои шӯравию Шарқ боиси мукаммалу пурҷозиба шудани образҳо ва ғанитар гардидани барномаи консертии он гардидаанд. Аввалин барномаи консертии «Зебо», ки аз 13 рақс – рақсҳои халқҳои шӯравӣ ва Шарқ (ҳиндӣ, непалӣ, бирмагӣ, эронӣ, афғонӣ ва ғайра) иборат буд, 19 майи соли 1979 ба воситаи телевизиони тоҷик намоиш дода шуд. А. «З.» ба мамлакатҳои Тунис, Афғонистон ва Ҷопон низ сафари ҳунарӣ намудааст. Ҳоло репертуари «Зебо» қариб 40 рақс – рақсҳои тоҷикӣ, русӣ, украинӣ, озарӣ, арманӣ, ӯзбекӣ, афғонӣ, арабӣ, ҳиндӣ, испанӣ, бирмагӣ ва ғ.-ро дар бар мегирад. Махсусан, рақсҳои тоҷикии «Занг», «Ҷавонӣ», «Завқи ҷавонӣ», «Насими кӯҳсор», рақсҳои классикии «Нағмаи ораз», «Чоргоҳ», «Уфари Уззол», рақсҳои русии «Рақси духтарон», «Афсонаи беша», озарбойҷонии «Бахчакурд» ва ӯзбекии «Субҳи Фарғона», «Амонёр», «Роҳи бахт» бо маҳорати баланд ва услуби хос иҷро мешудаанд». Солисткаҳои «Зебо» Артисти хизматнишондодаи ҶШС Тоҷикистон С. Файзалиева, ҳунарпешагон Н. Потёхина, Г. Улмасова, Г. Муҳаммадиева ва дигарон ансамбли «Зебо» лауреати Мукофоти комсомоли ленинии умумииттифоқ (1982) буда, дар инкишофи санъати рақси тоҷик ҳиссаи арзанда гузоштаанд..[1]

Ансамбл тайи якчанд сол на фақат дар Тоҷикистон балки дар ҳудуди собиқ ИҶШС ва берун аз он машҳур гардида, дар бисёр кишварҳои ҷаҳон ҳунарнамоӣ кард. Ансамбли мазкур ҷоизи мукофоти Комсомоли ленинӣ гардида, соли 1986 роҳбари он Зебо Аминзода унвони фахрии Ҳунарпешаи халқии ИҶШС касб намуд. Соли 2014 Зебо Аминзода боз барои таъсиси ансамбли рақсии «Зебо» ба Душанбе баргаштааст.[2]

Ансамбли рақсии «Зебо» бошад солҳои 90-ум ба ду гурӯҳи рақсӣ «Зебо» ва Ансамбли рақсии «Ҷаҳоноро» тақсим шудааст, ки ҳар ду дар назди Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон (Иттиҳодияи давлатии гурӯҳҳои эҷодию консертӣ) ҳунарнамоӣ мекунанд. Солҳои 2000-2002 иштироки ансамбли давлатии рақсии «Зебо» дар фестивали «Баҳори апрел» дар Ҷумҳурии халқӣ-демократии Корея ва Туркия ва дар намоишгоҳи «ЭКСПО-2000» дар шаҳри Гановери Олмон намунаи баланди ин комёбиҳо буд.[2]

Эзоҳ вироиш

  1. Обидпур Ҷ. Луғатномаи тафсирии мусиқӣ / зери назари Б.Қобилова. – Душанбе: Аржанг, 2019. – С. 30 – 480 с. ISBN 978-999-47-43-90-2
  2. 2.0 2.1 ЗЕБО АМИНЗОДА БА ДУШАНБЕ БАРГАШТ. 10 май 2016 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 18 июли 2014.