Антуа́н-Жан Гро (фр. Antoine-Jean Gros; 16 март 1771[1][2][3][…], Порис[2]25 июн 1835[2][4][5][…], Meudon[d][2]) — мусаввири фаронсавӣ, шогирди маҳбуби Ж. Л. Давид, ҳамчунин наққошии винетсиягӣ ва П. П. Рубенс ба сабки ӯ таъсир гузоштаанд.

Антуан-Жан Гро
фр. Antoine-Jean Gros
Суратҳо
Таърихи таваллуд 16 март 1771(1771-03-16)[1][2][3][…]
Зодгоҳ:
Таърихи даргузашт 25 июн 1835(1835-06-25)[2][4][5][…] (64 сол)
Маҳалли даргузашт
Мамлакат:
Жанр наққошии таърихӣ[d]
 Парвандаҳо дар Викианбор

Осор вироиш

Осори Антуан-Жан Гроаз анҷоми класситсизм ва оғози романтизм гувоҳӣ медиҳад. Ба асарҳои Антуан-Жан Гро рангҳои дурахшон, сояравшанҳои пуртаъсир, композитсияҳои рӯҳафзо, тавзеҳоти тасвирии шаклҳо хосанд. Тасвири «Наполеон дар рӯи пули Арколск» (1796) яке аз аввалин падидаҳои қаҳрамони романтикӣ дар санъати тасвирӣ мебошад. Ӯ наққош ва чеҳранигор (партретнигор)-и размгоҳии Наполеон буд ва давраи шукуфоии эҷодиёташ ба номи ин сарлашкар марбут аст: «Яффа» (1804), "Набард дар наздикии Абукир (1806), «Набард дар наздикии Эйлау» (1808), «Аз даст додани Мадрид» (1810). Пас аз муҳоҷирати Давид сарвари коргоҳи ӯ шуд, дар давраи Людовики XVIII ва Карли X кор кардааст. Ба сабки классикӣ рӯ оварда, дар мавзӯъҳои асотирӣ портретҳову манзараҳо офарид («Вакх ва Ариадна», «Геракл ва Диомед»), Пантионро наққошӣ кард, ки барои ин бо унвони барон сарфароз гардид. Хонум Ж. Ракамйе, генерал А. Ш. Л. Лассал, княз Н. Б. Юсупов аз ҷумлаи фармоишгарони ӯ буданд.

Эзоҳ вироиш

  1. 1.0 1.1 Bibliothèque nationale de France идентификатор BNF (фр.): платформаи додаҳои боз — 2011.
  2. 2.0 2.1 2.2 2.3 2.4 2.5 2.6 2.7 Gros, Antoine-Jean (ингл.)[Oxford, England]: OUP, 2002.
  3. 3.0 3.1 Antoine Jean Gros (нидерл.)
  4. 4.0 4.1 Discogs (ингл.) — 2000.
  5. 5.0 5.1 Whiteley J. Gros, Antoine-Jean, Baron (ингл.) // Grove Art Online / J. Turner[Oxford, England], Houndmills, Basingstoke, England, New York: OUP, 2018. — ISBN 978-1-884446-05-4doi:10.1093/GAO/9781884446054.ARTICLE.T035056
  6. (unspecified title) — 2016.

Адабиёт вироиш