Апомиксис (аз апо... ва юнонӣ mixis – омехта шудан, тағйир ёфтан) — ташаккули ҷанин бидуни бордор шудан; яке аз роҳҳои афзоиши ғайриҷинсии баъзе рустаниҳо ва ҳайвонот. Ҳангоми апомиксис ҷанин на аз зигота, балки бевосита аз ҳуҷайратухми бордорнашуда (нигар Партеногенез), ҳуҷайраи проталлий, ҷаниндон ва ё аз ҳуҷайраҳои тухммуғҷа инкишоф меёбад.

Намудҳои апомиксис вироиш

Апомиксис чанд хел мешавад: мухтор (бидуни бордорӣ ба вуҷуд омадани ҷанин аз эндосперма); менторӣ (аз ҳуҷайратухми бебор инкишоф ёфтани ҷанин); индуктивӣ (зери таъсири ягон омил ба таври таҷриба ба вуҷуд овардани апомиксис).

Дар шакли партеногенез апомиксис дар кирмҳо, моҳӣ, ҳашарот, хазандаҳо ва хусусан дар рустаниҳо маъмул аст. Апомиксис дар селексияи рустанӣ, ҳангоми аз гаплоидҳои апомиксӣ рӯёндани тухмии дурагаи ҷуворимакка ва дигар зироат, ба даст овардани ғуҷуммеваҳои гомозиготӣ ва ғайра истифода мешавад. Апомиксис чандон хуб таҳқиқ нашудааст. Омӯзиши дақиқи апомиксис аз ҷиҳати назариявӣ (дарки қонуниятҳои таҳаввулоту генетикӣ) ва амалӣ (ҳосил намудани гаплоидҳо) аҳамияти калон дорад.

Эзоҳ вироиш

Сарчашма вироиш