Aргон (Ar, аз лот. Argon) — элементи химиявии гурӯҳи VIII системаи даврии Менделеев, гази инертӣ; рақами атомиаш 18, массаи атомиаш 39,948.

18
Аргон
39,948
3s23p6

Дар ҳолати муқаррарӣ аргон гази беранг, бебӯй ва бемаза аст. Дар табиат аргон танҳо дар ҳолати озод дучор мешавад. Атмосфера 16·1012 m, қишри замин 0,165·1012 m, об 0,752·1012 m аргон доранд. Дар таркиби ҳаво 0,98 % аргон ҳаст. Аргони атмосферӣ аз се изотопи устувор — 36Ar (0,337 %), 38Ar (0,063 %) ва 40Ar (99,60 %) иборат мебошад. Аз сабаби зиёд будани изотопи 40Ar массаи атомии он аз массаи атомии К, ки дар системаи даврии Менделеев аз он пеш меистад, зиёдтар аст. Аз изотопҳои радиоактивии сунъии аргон барои нишонаи радиоактивӣ 37Ar (давраи нимкоҳишаш 35 шаборӯз) короям аст. Зичии аргон (дар 0°С, 101325 н/м2) 1,7839 кг/м3, ҳарор. гудозиш −189,3°С, ҳарорати ҷӯшиш — 185,9°С. Дар 1 л об дар шароити муътадил 51,9 м3 аргон ҳал мегардад. Аргон дар металлҳо ҳал намешавад. Молекулаи аргон якатома аст. Ҳамаи кӯшишҳои ҳосил кардани пайвастҳои валентии аргон бенатиҷа анҷом ёфтанд. Аргон бо пайвастҳое, ки дар панҷараҳои кристаллии худ ковокии андозааш тақр. ба андозаи аргон мувофиқ доранд, пайвастҳои мудохил (клатратҳо) ҳосил мекунад, мас., бо H4O, D2O, фенол, гидрохинон ва ғайра. Аз онҳо Ar·6H2O бештар омӯхта шудааст. Дар пайвастҳои мудохил, мас., дар SO2· 6H2O изоморфи SO2-ро бо Ar иваз кардан мумкин аст. Ин барои дар фишори мӯътадил синтез кардани Ar·6H2O имконият медиҳад. Дар саноат аргонро аз ҳаво дар натиҷаи сахт хунук кардани он ҷудо мекунанд. Аргонро аз дигар газҳои инертӣ бо усули газохроматографӣ низ ҷудо кардан мумкин аст. Аргон ҳангоми таҳвили ҳароратии металлҳое, ки зуд оксид мешаванд, васеъ истифода мегардад. Дар ҳавои аргон металлҳои камёфт ва рангаро кафшер мекунанд, Ti, W, Zr ва ғ-ро мегудозанд. Бо аргон чароғҳои барқиро пур менамоянд (аргон суръати бухори волфрамро суст ва равшании онро зиёд мекунад). Аргони радиоактив баъзан барои назорати системаҳои ҳавотозакунӣ кор фармуда мешавад.

Эзоҳ вироиш

  1. IUPAC Periodic Table of the Elements and Isotopes. King's Center for Visualization in Science. IUPAC, King's Center for Visualization in Science.
  2. 2.0 2.1 Шаблон:RubberBible92nd
  3. Shuen-Chen Hwang, Robert D. Lein, Daniel A. Morgan (2005). "Noble Gases". Kirk Othmer Encyclopedia of Chemical Technology. Wiley. pp. 343–383. doi:10.1002/0471238961.0701190508230114.a01.
  4. Magnetic susceptibility of the elements and inorganic compounds, in Шаблон:RubberBible86th
  5. Weast, Robert (1984). CRC, Handbook of Chemistry and Physics. Boca Raton, Florida: Chemical Rubber Company Publishing. pp. E110. ISBN 0-8493-0464-4. 

Адабиёт вироиш