А́рнолд Ге́лен (олмонӣ: Arnold Gehlen, 29 январи 1904, Лейпзиг30 январи 1976, Ҳамбург) — файласуф ва ҷомеашиноси олмонӣ; яке аз асосгузорони антропологияи фалсафӣ.

Арнолд Гелен
Таърихи таваллуд 29 январ 1904(1904-01-29)[1][2][3][…]
Зодгоҳ
Таърихи даргузашт 30 январ 1976(1976-01-30)[1][2][3][…] (72 сол)
Маҳалли даргузашт
Кишвар
Ҷойҳои кор
Алма-матер

Зиндагинома вироиш

Дар донишгоҳҳои Лейпсиг (1934–38), Кёнигсберг (1938–40), Вена (1940–1945) аз фанни фалсафа ва дар донишгоҳҳои Шпайер (1947–61) ва Ахена (1961–69) аз фанни сотсиология дарс додааст. Асари асосии Арнолд Гелен «Инсон. Сиришт ва мақоми ӯ дар олам» (1940) аст. Ба андешаи Арнолд Гелен, антропологияи фалсафӣ ҳамчун илм аз ҳар гуна метафизика дурӣ меҷӯяд ва аз «ғайритахассусии навъии одам» дар муҳити атроф, аз зиёноварии биологии он дар муқоиса бо дигар навъҳои ҳайвонот маншаъ мегирад. «Ғайритахассусии навъӣ» асоси назарияи Арнолд Гелен-ро ташкил дода, ӯ дар он инсонро ҳамчун мавҷуди фаъол ва фарҳангӣ баррасӣ менамояд: бинобар камбуди биологӣ одам қобилияти ҳамчун ҳайвон зистанро надорад, вале маҷбур аст, ки амал кунад ва фарҳанг офарад. Ин назарияро инкишоф дода, Арнолд Гелен мафҳуми «сабуксозӣ»-ро ворид намуд, ки он дар сохтан ва истифода бурдани олоти меҳнат, банақшагирии фаъолият дар шакли рамзӣ ва ғ. ифода меёбад. Дар зери таъсири прагматизм амали офарандаи «сиришти дуюм» – фарҳанг дар таъбири инсон мафҳуми калидии таълимоти Арнолд Гелен гардид. Ҷамъият ва ниҳодҳои он дар назарияи Арнолд Гелен танҳо ҳамчун шакли мукаммалкунандаи норасоии биологии инсон ҷилвагар гашта, падидаҳои иҷтимоӣ-фарҳангӣ тавсифи биоантропологӣ меёбанд. Фарҳанги маънавӣ ва моддӣ «норасоӣ»-и биологии инсонро комил ва ӯро қобили зист мегардонад. Фарҳанг («табиати дуюм», ё «табиате, ки инсони фаъол дигаргун кардааст») дар мақоме қарор дорад, ки барои ҳайвонот муҳити табиӣ эътибор дорад.

Осори Арнолд Гелен бо забони русӣ (О систематике антропологии // Проблема человека в западной философии. М., 1988) ба табъ расидааст.

Эзоҳ вироиш

Адабиёт вироиш

  • Философский энциклопедический словарь. М., 1989;
  • Немецкая социология. СПб., 2003.

Сарчашма вироиш