Аробакаш (навъи харбуза)

(Тағйири масир аз Аробакаш)

Аробакаш — навъе аз харбузаҳои миёнсолӣ.

Бештар дар вилояти Суғд, водии Вахш, инчунин вилоятҳои Сирдарё ва Тошканди Узбакистон мепарваранд. Баъди 95 — 100 рӯзи кишт мепазад. Ҳосилаш байзашакл, дарозиаш 40 — 50 см, вазнаш 8 — 27 кг, пӯсташ камтӯри зард, мағзаш сафеди сершира, хуштаъм, то 10 % қанд дорад. Аз ҳар га 350—500 сентнер ҳосил медиҳад. Барои нигоҳ доштану хушконидан ва ба ҷойҳои дур бурдан мувофиқ аст.

Эзоҳ вироиш

Адабиёт вироиш