Артиши озодибахши Рус

Артиши озодибахши Рус (маъруф ба русӣ: власовцы — власовчиён) — гурӯҳи ҳарбиёни яке аз дастаҳои низомии муташаккили зиддишӯравӣ (1943-45), ки бо сарварии Андрей Власов ташкил ёфта буд.

Артиши озодибахши Рус
олмонӣ: Russische Befreiungsarmee
Кишвар
Ҳайат Wehrmacht[d] ва Russian Liberation Movement[d]
Включает в себя
Участие в
Афсар-фармондеҳ
 Парвандаҳо дар Викианбор

Артиши озодибахши Рус дар солҳои ҶБВ (1943-45) бо пуштибонии Рейхи сеюм (24.3.1943-23.5.1945) дар амалиёти зидди ҳаракатҳои партизанӣ дар Фаронса ва Югославия истифода шуданд. Ҳамчунин баъзе гурӯҳҳои Артиши озодибахши Рус аз ҷониби артиши Олмони фашистӣ дар муҳорибаҳои ҷабҳаҳои Шарқӣ бар зидди Иттиҳоди Шӯравӣ иштирок доштанд. Баъдан на танҳо ҳайати дастаҳои А. А. Власов, балки тамоми маҳбусон ва ҳарбиёне, ки тибқи қарори Раиси Шӯрои Олии ИҶШС (19 апрели 1943) «Дар бораи ҷавобгарии ҷиноятии истилогарони олмонии фашист ва ҳаммаслакони онҳо» маҳкум мешуданд, нисбат ба онҳо истилоҳи Артиши озодибахши Рус истифода мешуд. Тибқи баъзе маълумот шумораи онҳое, ки ҳамчун Артиши озодибахши Рус маҳкум шуда буданд, ба 1 млн нафар мерасад. Артиши озодибахши Рус қисман қатл, баъзеҳо зиндонӣ ва қисми дигар аз имтиёзҳо маҳрум карда шуданд. Сардорони фаъоли Артиши озодибахши Рус, аз ҷумла А. А. Власов бо ҳукми Коллегияи ҳарбии Суди Олии ИҶШС (соли 1946) ба қатл расонда шуданд.

Эзоҳ вироиш

Сарчашма вироиш