Асадулло Раҳмон

(Тағйири масир аз Асадулло Раҳмонов)

Асадулло Раҳмон (Раҳмонов Асадулло Қиматович; зод. 1 январ 1973, Душанбе) — давлатмард, рӯзноманигор ва сиёсатшиноси тоҷик, номзади илмҳои сиёсӣ.

Асадулло Раҳмон
Ном ҳангоми таваллуд Раҳмонов Асадулло Қиматович
Таърихи таваллуд 1 январ 1973(1973-01-01) (51 сол)
Зодгоҳ
Кишвар
Пеша рӯзноманигор, сиёсатшинос
Ҷоизаҳо
Ордени Исмоили Сомонӣ

Зиндагинома вироиш

Асадулло Раҳмон 1 январи соли 1973 дар деҳаи Пушинги ноҳияи Данғара ба дунё омада, риштаи журналистикаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ва Академияи хидмати давлатии марбут ба президенти Русияро хатм кардааст.

Асадулло Раҳмон моҳи апрели соли 2005, раиси кумитаи телевизион ва радиои Тоҷикистон таъйин шуд. Ӯ моҳи марти соли 2015 ёрдамчии президент дар масъалаи кадрҳо таъйин шуд[1].

Ҷоизаҳо вироиш

Бо нишонҳои «Аълочии фарҳанги Тоҷикистон», «Аълочии телевизиони Тоҷикистон» ва ордени Исмоили Сомонӣ, дараҷаи 2 қадрдонӣ шудааст.

Эзоҳ вироиш