Асадулло Ғуломов (28 феврали 1954, ноҳияи Данғара, вилояти Кӯлоб, ҶШС Тоҷикистон3 августи 2011, Тоҷикистон) — ходими давлатии тоҷик. Корманди шоистаи Тоҷикистон.

Асадулло Ғуломов
парчам
Муовини аввали Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон
1 декабри 2006 — 3 августи 2011
Нахуствазир Оқил Оқилов
парчам
Муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон
2003 — 2006
Нахуствазир Оқил Оқилов
Президент Эмомалӣ Раҳмон
Таваллуд 28 феврал 1954(1954-02-28)
Даргузашт 3 август 2011(2011-08-03) (57 сол)
Ҷоизаҳо Ордени Шараф
Корманди шоистаи Тоҷикистон

Зиндагинома вироиш

Асадулло Ғуломов 28 феврали соли 1954 дар ноҳияи Данғара таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ, соли 1976 Донишкадаи политехникии Тоҷикистонро бо ихтисоси муҳандис-сохтмончӣ ва соли 2005 Академияи хидмати давлатии назди Президенти Федератсияи Россияро хатм намудааст.

Корнома вироиш

Фаъолияти кориашро соли 1976 ба ҳайси устои колоннаи сайёри механиконидашудаи № 13-и трести «Кӯлобселстрой» оғоз намуда, баъд дар вазифаҳои прораб, сармуҳандиси Идораи махсусгардондашудаи сохтмонии № 27, сардори Идораи сохтмонии № 17, сардори трести «Тоҷикхимстрой»-и ноҳияи Ёвон кор кардааст.

Солҳои 19952001 муовини аввали Раиси Ширкати давлатии сохтмонии «Тоҷиксохтмон» ва солҳои 20002003 ба сифати раиси ноҳияи Фрунзеи шаҳри Душанбе фаъолият намудааст.

Соли 20032006 дар вазифаи муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон кор кардааст.

Бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 декабри соли 2006 муовини аввали Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон таъйин гардид. 3 августи соли 2011 Асадулло Ғуломов вафот кардааст.

Ҷоизаҳо вироиш

Бо ордени Шараф дараҷаи 1 ва унвони фахрии Корманди шоистаи Тоҷикистон мукофотонида шудааст.

Пайвандҳо вироиш