Фрэнсис Уилям Астон

(Тағйири масир аз Астон Фрэнсис Уилям)

Астон (Aston) Фрэнсис Уилям (01.09.1877, Ҳарборн — 20.11.1945, Кембриҷ) — физикдони инглис Астон дар соҳаи физикаи атому ҳастаи атом ва радиокимиё пажӯҳиши бисёр дорад. Ӯ узви Ҷамъияти Шоҳии Лондон, узви вобастаи АИ ИҶШС (1924) буд. Донишгоҳҳои Бирминҳем ва Кембриҷро хатм карда, аз соли 1909 дар Донишгоҳи Бирминҳем дарс гуфтааст. Аз соли 1920 узви Тринитиколлеҷ. Соли 1925 массспектрографе сохт, ки қувваи тафриқааш хеле зиёд буд. Ба воситаи он массаи изотопҳои устуворро саҳеҳ андоза кард ва камомади массаҳои як қатори онҳоро ошкор намуд. Астон усули ҷудо кардани изотопҳоро, ки ба ихтилот (омезиш)-и электромагнитӣ ва газӣ асос ёфтаанд, пешниҳод карда, соли 1927 нахустин хатти каҷи зарибҳои (коэффитсиент) бандубастро сохт, ки энергияи робитаи ҳастаҳои атомиро тавсиф медиҳанд. Астон соҳиби ихтирои нахустин масспектрометр буд. Ӯ бо ин асбоб хусусиятҳои гуногуни 213 изотопи устувори табииро таҳқиқ кард ва чандомади нисбии онҳоро муайян намуд. Астон барои ин кор соли 1922 сазовори Мукофоти Нобел гардид.

Фрэнсис Уилям Астон
англ. Francis William Aston
Таърихи таваллуд 1 сентябр 1877(1877-09-01)[1][2][3][…]
Зодгоҳ
Таърихи даргузашт 20 ноябр 1945(1945-11-20)[4][1][5][…] (68 сол)
Маҳалли даргузашт
Кишвар
Фазои илмӣ кимиё ва физик
Ҷойҳои кор
Дараҷаи илмӣ: Bachelor of Science[d] (1910) ва Doctor of Science[d] (1914)
Алма-матер
Роҳбари илмӣ J. J. Thomson[d]
Ҷоизаҳо
 Парвандаҳо дар Викианбор

Сарчашма вироиш

  • Волков В. А. Выдаюшиеся химики мира. Москва, 1991.

Эзоҳ вироиш