Атлас як навъи матоъи абрешимӣ мебошад, ки он матоъро аз давраи хеле қадим тоҷикони мо ба бар мекарданд. Ин матоъ матоъи тоҷикӣ буда, то ҳол дар тани духтари тоҷик бо тахти шинам дӯхта мешавад. Лавозимоти атласро солҳои аввали баромаданашон, ранги онро аз давлати Ҳиндустон мегирифтанд, ки ин ранг намерафт. Ҳоло бошад ҳамаи маҳсулотро аз давлати худамон Тоҷикистон истифода карда мебарорем. Дар Тоҷикистони мо бошад ҳоло якчанд намуд атлас истеҳсол карда мешавад аз қабили; атлас, адрас, заратлас, хонатлас ва ғайраҳо. Новобаста аз ин ки асри Х1Х давраи мушкилии санҷиш барои абрешимбофӣ мебошад, абрешим дар низоми фарҳанги маънавии мардуми тоҷик яке аз рамзҳои фарҳанг ба ҳисоб рафта, меъёри зебоиписандии муайяншуда ба ҳисоб меравад. Дар даҳсолаҳои охири асри ХХ дар атласбофӣ намудҳои: «Пирӯзӣ», «Ҳамроҳ», «Кайҳон», «Кремл», «Олимпиада», «Чашма», «Ҷашнӣ», «50-сол», «Шодиёна», «Гули баҳор», «Ҷонона», «Одмӣ», «Мурғобӣ», «Лола», «Гули намошом», «Гули шоҳмот» ва ғайра ба миён омадаанд. Дар солҳои охир дар шаҳри Хуҷанд «Иди атлас» ва озмуни «Атласи тоҷик» баргузор мегардад, ки дар он беҳтарин навъҳои атлас бо тарҳу дўхти либосҳо ба намоиш гузошта мешаванд.[1][2]

Матоъҳои абрии Худжанд
Матоъҳои абрии Худжанд

Намунаҳо аз нигораҳои матоъи абрешимӣ бо наққошиҳои абрӣ дар либоси тоҷикона «Осорхонаи» суннатии абрешими «Ардси-Сура»-и Институти илмӣ-тадқиқотии санъатшиносии Хуҷанд шуморо бо ҷодуҳои наққошӣ ва рангомезиҳои матоҳои абрӯии мардуми тоҷик дар қарни Х1Х ва ХХ ошно мегардонад.

Адабиёт вироиш

  • Ершов Н.Н. Домашныие промыслы и ремесла // Таджики Каратегина и Дарваза. – Душанбе, Вып. 1, 1966;
  • Ершов Н.Н. Каратаг и его ремесла. – Душанбе, 1984.
  • Турсунов Н. Из истории городского ремесла северного Таджикистана (Ткацкие промысли Ходжента и его пригородов в конце XIX – начале XX вв.). – Душанбе, 1974

Нигаред низ вироиш

Эзоҳ вироиш

  1. Д. Раҳимов. Касбу ҳунарҳои анъанавии тоҷикон. – Душанбе, 2014. – С. 11 - 12.
  2. Турсунов Н. Атлас // Энсиклопедияи советии тоҷик. Ҷ.1. – Душанбе, 2011. – С. 286.

Пайвандҳо вироиш