Атобакони Форс

саҳифаи феҳристӣ

Атобакóни Форс (форсӣ: اتابکان فارس‎) — силсилае аз амирони туркнажоди Форс. Ин силсила ба иртиботи ҷадди ин хонадон (Сулғур) ба унвони Сулғуриён низ маъруфанд[1].

Амирони ин силсила ибтидо тобеи Салҷуқиён буданд ва баъдҳо таҳти итоати Хоразмшоҳиён ва пас аз ҳамлаи муғулон фармонбардори Элхониён гардиданд ва бо ҳамин тадбир сарзамини Форсро аз турктозиҳои қавми муғул ҳифозат карданд.

Ҳукмронии Атобакони Форс вироиш

Силсилаи Атобакони Форс аз 10 тан амир иборат буда, мухтасаран асомии теъдоде аз онҳо, ки бузургтари онон буданд. Муддати зимомдориашон ба тариқи зайл аст:

  • Сулғур ибни Мавдуд (1148–1162), амире, ки тобеи салоҷиқа буд ва дар ҳаволии Каҳчилуя шӯриш бардошта Шерозро дар соли 1148 тасарруф намуда, силсилаи Атобаконро таъсис дод.
  • Минбаъд Атобак Музаффаруддини Зангӣ ибни Мавдуд (1162–1175),
  • Тукла (1175–1195),
  • Туғрил ибни Сулғур (1195–1203),
  • Саъд ибни Зангӣ (1203–1226) ҳоким буданд.
  • Абубакр ибни Саъд (1226–1259) баъди фавти Саъд ба зимомдорӣ расид ва дар соли 1230 соҳилҳои Халиҷи Форсро аз ҳудуди Басра то соҳили Уқёнуси Ҳинд тасарруф кард. Намояндаи ин давр аз аҳли адаб Саъдии Шерозист.
  • Сипас Муҳаммад ибни Саъд ибни Абубакр (1259–1262)
  • Муҳаммад ибни Сулғур (1262–1263) соҳиби ин тахту тоҷ буданд.
  • Салҷуқшоҳ ибни Сулғур (1263) баъди азли (сабук­дӯшӣ) бародараш – Муҳаммад зимомдор гашт, вале Ҳулоку ба Форс лашкар кашида дар наздикии Козарун лашкари Салҷуқ­шоҳро шикаст дод ва худашро асир гирифта ба қатл расонд.
  • Абишхотун – духтари Атобак Саъд ибни Абубакрро баъд аз қатли Салҷуқшоҳ аҳолии Шероз атобак интихоб кард.

Аз ҳамин давра Форс мавриди таваҷҷуҳи Элхониён қарор гирифт. Пас аз муддате Абишхотун бо Мангу Темур – писари Ҳулоку издивоҷ кард ва бад-ин восита Форс тобеи Элхониён шуд.

Ҳамчунин нигаред вироиш

Эзоҳ вироиш

  1. ЭМТ, Ҷ. 2. АСОС-БОЗ – Душанбе: СИЭМТ, 2013, - с.71

Адабиёт вироиш

  • عزیزاللهبیات. کلیاتتاریخایران. تهران،۱۳۷۰

Сарчашма вироиш