Ато Муҳаммадҷонов (Муҳаммадҷонов Ато Самиуддинович; 2 сентябри 1940, Душанбе, ҶШС Тоҷикистон — 9 сентябри 2002, Исфара, вилояти Суғд, Тоҷикистон) — ҳунарпешаи театр ва синамои тоҷик, Узви Иттифоқи киноматографистони Тоҷикистон ва СССР (1986). Ҳунарпешаи халқии ҶШС Тоҷикистон ва дар ниҳоят Ҳунарпешаи мардумии ИҶШС (1981) шуд.[1]

Ато Муҳаммадҷонов
Таърихи таваллуд: 2 сентябр 1940(1940-09-02)
Зодгоҳ:
Таърихи даргузашт 9 сентябр 2002(2002-09-09) (62 сол)
Маҳалли марг:
Шаҳрвандӣ:
Касб: ҳунарпешаи театр, ҳунарпешаи синамо
Ҷоизаҳо:
Ҳунарпешаи халқии ҶШС Тоҷикистон
IMDb: ID 0611489

Зиндагинома вироиш

Муҳаммадҷонов Ато Самиуддинович 2 сентябри соли 1940 дар оилаи хизматчӣ дар шаҳри Душанбе чашм ба олами ҳастӣ кушодааст. Ӯ ҳангоми мактабхониаш дар машғулиятҳои ҳаваскорони санъати баччагона ширкат мегирифт, иштирокчии фаъоли маҳфили драмавии «Хонаи пионерон»-и шаҳри Душанбе буд. Ҳунари Ато Муҳаммадҷонов аз назари масъулини санъати театри тоҷик берун намонд. Бидуни ягон маълумот доштанаш ¢ро баъди хатми мактаби миёна соли 1958 ба Театри давлатии академии драмавии ба номи А. Лоҳутӣ ҳамчун ҳунарпеша ба кор қабул намуданд. Ҳунару истеъдоди худододиаш дар андак муддат ӯро ба оламиён шиносонд. Вале пайдост ки ин махбубият барояш осон ба даст намеомад. Шабу рӯз заҳмат мекашид то маҳбуби мухлисон гардад. Санъати театрӣ яке аз намуди душвортарин санъатҳост. Он як баҳри беҳудуд аст бояд шиновари комил бошӣ, ки аз ин баҳр гузарӣ. Заҳматҳояш самар доданд. Ато Муҳаммадҷонов дар натиҷаи заҳматҳои паёпай аз ҳама зинаҳои унвонҳои санъати Тоҷикистон гузашт ва соли 1981 унволи олии Ҳунарпешаи халқии ҶШС Тоҷикистонро ба даст овард.

Аслан ин марди худодод баҳри такмил додани истеъдоду ҳунари худ дар ягон донишгоҳи санъати ҷумҳурӣ ва хориҷ нахондааст. Вай ки зотан инсони равоншиносу инсоншинос буд ҳар нақшашро барои инсонҳо меофарид. Ҳамин ҳунари модарзодиаш ӯро дар миёни ҳунармандони тоҷику хориҷ ҳамчун нигини саҳнаи тоҷик шиносонд. Мутаасифона марги нобаҳангом ӯро 9 сентябри соли 2002 аз байни мо даррабуд.

Ӯ дар зиндагӣ ҳеч гоҳ танҳо набуд, зеро бо театри тоҷик зиндагӣ мекард, яъне бо милати тоҷик. Ҳунарманди дигари шинохтаи театри тоҷик Раҷаб Ҳусейнов ки бо ӯ дар зиндагӣ ҳамсабак ва ҳамкор буд, бо таассуф мегӯяд, ки баъди марги нобаҳангоми Ато Мухаммадчонов ман худро дар зиндагӣ танҳои танҳо меҳисобам. Ман наметавонам хеҷгоҳ ӯро фаромуш бикунам. Баъди ӯ ман дигар ҳеч вақт дӯст, рафиқ ва санъатвареро мисли ӯ нахоҳам ёфт. Ато Муҳаммадҷнов дар санъати театру кино санъати худро дошт, ҳазор нақш офаридааст, ҳазор инсон буд ҳам инсони табиатан, ахлоқан ва манфию мусбат, ин ҳама хислатҳояш дар нақшҳояш буд, вале худ дар зиндагӣ комилтарин инсон буд.

Ҳеч гоҳ Ато Муҳаммадчонов ва саҳнаҳои офаридаи ӯ аз чашми дустдорони театру синамои тоҷик дур нахоҳанд шуд, гуфт ҳангоми суҳбат Хайрулло Давлатов саррасоми Театри мусиқи мазҳакавии ба номи Ато Муҳаммадҷонови шаҳри Қурғонтеппа. Мо ҳунармандони театр гиламанд аз онем, ки тамошобин надорем. Аммо ин як андоза хатост. Гап дар инҷост, ки мо ҳунарманде ба мисли Ато Муҳаммадҷонов, Маҳмудҷон Вохидов, Ҳошим Гадоев, Аслӣ Бурҳонов, Тӯҳфа Фозилова надорем.

Фаъолияти эҷодии Ато Муҳаммадҷонов дар кино бо иҷрои нақши лаҳзавӣ дар намоишномаи «Тошбек ва Гулқурбон»-и М. Миршакар оғоз меёбад. Ӯ дорои истеъдоди фитрӣ ва тахайюли бойи бадеист. Ин ҳунар ба ӯ имкон дод, ки нақшҳои ичтимоиву сиёсӣ, ишқиву лирикӣ, фоҷиавию мазҳакавиро бо муваффақият иҷро намояд. Ӯро Худованди якка баҳри мардуми бофарҳанги тоҷикзабон ато кардаасту модару падари бузургаш низ дидаву дониста ӯро Ато ном гузоштаанд. Атои худовандӣ, Атои театру синамои тоҷик ва Атои завҷаи меҳрубону фарзандони ғамхори падар. Ато Муҳаммадҷонов чун шоҳсутуни қалъаи ҳунар, шамъи фурузоне буд, миёни ҳамзамонон, бо ҳунарвариаш. Ӯ барои ҳунар талош мекард то мо дар рохи вафо, дар роҳи садоқат, дар ҷустуҷӯи гавҳари мақсуд устувор бошем, дар талоши зиндагии бемаҷро ранҷи бехабарӣ накашем, аз театр, аз сухану аз саҳна дар маҷм¢ъ аз фарҳанги волои тоҷикон ташнагӣ шиканем. Ато Муҳаммадҷонов буд, ки дар саҳна ҳолати руҳии қаҳрамонҳояшро, бо ҳиссиёти баланд ифода менамуд, олами ботинии онҳоро мекушод. Беҳтарин нақшҳои ичрокардааш дар театр: Адҳам — «Алломаи Адҳам ва дигарон»-и С. Улуғзода, Қаландар «Дохунда»-и Ҷ.Икромӣ ва ғайраҳо мебошанд.

Ҳамчунин дар синамои тоҷик зиёда аз 30-нақшро офаридааст. Ато Муҳаммадчонов дар ҳайати дастаи Театри давлатии академии драмаи ба номи А. Лоҳутӣ соли 1964 ба Афғонистон сафари ҳунарӣ кардааст. Барои иҷрои нақши Амир дар филми «Ҷавонии даҳҳо» (русӣ: “Юность гения” “Узбекфилм”) сазовори Лауретаи мукофоти давлатии СССР гардидааст. Ато Муҳаммадҷонов бо ордени Дӯстии Халқҳо ва медалҳои зиёде сазовор гаштааст. Ҳикмати рангу рӯшноиро меҷуст рӯи саҳна А. Мухаммадчонов дар маҷмӯъ. Ӯ ҳунарманди зиндагиву андеша буд. Дар ин рузҳо дар ҳар нақши офаридааш, дар ҳар образи боқӣ гузоштааш аз ҳастии хеш дарак медиҳад, Ато Муҳаммадҷонов атои саҳнаи тоҷик буд. Итминон аст, ки ёди ин марди ҳунар, ин сарсупурдаи олами эҷод дар хотироти мо ҷовидона хоҳад монд.[2]

Аз соли 1958 то 2002 ба ҳайси ҳунарпешаи Театри давлатии академии драмавии ба номи А. Лоҳутӣ фаъолият намудааст.

Саҳм дар синамо вироиш

Аз соли 1961 дар филмҳои бадеии киностудияи «Тоҷикфилм» ҳунарнамоӣ кардааст. Дар филмҳои

  • «Қисмати шоир» (1959),
  • «Парчами Кова» (1961),
  • «Марги судхур» (1964),
  • «Духтари сеюм» (1970),
  • «Ситора дар тирашаб» (1972),
  • «Асрори оилаи Ғаюровҳо» (1975),
  • «Субҳи аввали ҷавонӣ» (3 серия,1979),
  • «Ҷӯра — шикорчӣ аз Минархар»(5 серия, 1985)
  • «Нигоҳ» (1988),
  • «Бухорои шариф» (1991)
  • «Падари маҳтобӣ» (1999) ва диг. нақшҳо офаридааст.

Ҷоизаи давлати СССР ба Ато Муҳаммаҷонов барои иҷрои нақши амир дар филми (русӣ: “Юность гения” “Узбекфилм”) (1983) супорида шудааст. Дар филмҳои якҷояи киностудияи «Тоҷикфилм» — ТПО «Катарсис» (Қазоқистон): (русӣ: «Чужая игра») (1990), (русӣ: «Лазутчик») (1992), (русӣ: «Остров»)(1993), (русӣ: «Имам аль-Бухори») (1995) нақшҳо офаридааст.[3]

Пайвандҳо вироиш

Эзоҳ вироиш