Атропин (аз лот. atropa – заҳр), алколоидест, ки дар таркиби рустаниҳои оилаи ангури сагак (шоҳдона, шобезак, банги девона ва ғайра) дучор меояд. Дар тиб маҳ­лули обии намаки сулфати Атропинро барои рафъи ташаннуҷи му­шакҳои суфта ҳангоми бемории захми меъда, рӯда, роҳҳои талха, зиқи нафас ва ғайра, инчунин васеъ намудани гавҳарак дар вақти муойинаи рефраксияи чашм ва чун позаҳр дар мавриди заҳролудӣ аз морфин, атсетиллелин, карбохолин ва ғайра истифода мебаранд. Аломатҳои заҳро­лудӣ аз Атропин: сахт ба ҳаяҷон омадан, васеъ шудани гавҳа­раки чашм, тез шудани набз ва ғайра Дар ин гуна ҳолатҳо ба бемор ёрии фаврӣ расонда, меъдаро бо об ё обу ангиш­ти фаъол (ҷозиб) шустан мебояд. [1]

Эзоҳ вироиш

  1. Энсиклопедияи Миллии Тоҷик, Ҷилди 2. АСОС-БОЗ – Душанбе: Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи Миллии Тоҷик, 2013, - с.79
  • Машковский М. Д. Лекарственные средства. Москва, 2006.