АТТÁК (Аттук, Атток) — шаҳр ва ноҳияи таърихиест дар минтақае ба ҳамин ном дар Покистон. Шаҳр, маркази як бахши Равалпиндӣ (Панҷоби Қадим). Таърихи Аттак ҳанӯз аз замонҳои қабл аз милод маълум аст. Тибқи манобеи таърихӣ Искандари Мақдунӣ ба Аттак, ки Таисило ном дошт, соли 326 то милод ворид шуда будааст.

Атток, Покистон
Атток, Покистон

Дар забонҳои парочӣ ва пашаӣ калимаи "атак" маънои сиҳҳат, вуҷуди солимро дорад. Шояд ин ном ба хотири обу ҳавои гуворову сиҳҳатбахш доштани минтақа мусаммо шуда бошад. Аммо маънии дигари калима, ки "қалъа" аст, шояд барои ин мавзеъ дурусттар бошад. Ноҳияи мазкур барои зироат низ хеле мусоид аст. Акбаршоҳ барои эҷоди амният дар ин шаҳр қалъаи бузурги мустаҳкаме бино кард, ки минбаъд гузаргоҳи дастрасе аз Кобул ба Ҳиндустон буд. Таърих гувоҳ аст, ки қариб тамоми ҳуҷумкардагон ба Ҳинд аз шаҳри Аттак убур кардаанд. Султон Маҳмуди Ғазнавӣ ҳангоми убур аз ин ноҳия тамоми маскунини ғайримусулмони онро қатли ом кард.

Ба ҳар ҳол дар садаи 16 ва авв. садаи 17 милод Аттакро шаҳре донистаанд, ки қалъаҳои мустаҳкаме доштааст ва дарёи Синд аз канори ғарбии он мегузаштааст. Дар болои дарёи Аттак пули мустаҳками бузурге бино шуда буд. Ҳоло ин шаҳр байни Равалпиндӣ ва Пешовар ҳамшафати шоҳроҳи тиҷоратӣ қарор дорад. Дар ҳудуди Аттак якчанд деҳи тоҷик­нишин низ мавҷуд аст, ки бештари эшон дар асрҳои миёна ба ин ҷо омада ва муқимӣ шудаанд. Масоҳаташ 6857 км аҳолӣ 97,3 ҳазор нафар (ибтидои соли 2011). Солҳои 1914-1918 дар Аттак кони нафт кашф гардид, ки то ҳол истихроҷи он идома дорад. Инчунин, дар ҳудуди Аттак захоири табиии ангиштсанг (зуғол), хром, гаҷ ва оҳаксанг мавҷуданд.[1]

Эзоҳ вироиш

  1. Энсиклопедияи Миллии Тоҷик, Ҷилди 2. АСОС-БОЗ – Душанбе: Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи Миллии Тоҷик, 2013, - с.81 / Б. Раҳматов.
  • دائرةالمعارفبزرگاسلامی.جلد۶. تهران،۱۳۷۳هـ. ش؛
  • آریانا،دائرةالمعارف. ج۱. کابل،۲۰۰۷