Ахарун (шакли нодурусташ Аҳорун, ки мутаассифона, роиҷ аст) — номи вилояти таърихӣ дар авоили асри миёна воқеъ дар водии Ҳисор миёни вилоятҳои таърихии Шумон ва Чағониён.

Калъаи таърихӣ

Таърих вироиш

Ахарун ба шакли Харун низ ёд шудааст. Ахбори таърихии Табарӣ ва маълумоти ҷуғрофиёии арабинависи эронӣ Ибни Хурдодбеҳ ба он далолат мекунанд, ки Аҳорун тақрибан дар ноҳияи Шаҳринави имрӯза дар ҷойи харобаҳои Чимқӯрғон воқеъ буд. Тибқи ҳафриёти бостоншиносӣ, ёдгори таърихии Чимқӯрғон асосан ба давраи атиқа мансуб буда, 350 гектарро фаро мегирад. Деворҳои мудофиавии шаҳр 7 км дарозӣ доштанд. Чимқӯрғон дар ноҳияи Шаҳринав ёдгории бисёртабақа буда, дар як гӯшаи он дар асрҳои VII—VIII ҳаёт вуҷуд доштааст. Пас, ҷойи шубҳае намемонад, ки Аҳорун дар ҳамон гӯшаи ободи Чимқӯрғон дар ноҳияи Шаҳринави имрӯза воқеъ будааст.

Таърихи Аҳорун ниҳоят фоҷиабор аст. Тибқи навиштаи Муҳаммад ибн Ҷарир ал-Табарӣ дар Таърихи Табарӣ, шоҳи Шумон, ки бисёр неруманд буд, дар аввали садаи VIII ба Аҳорун ҳуҷум оварда, онро пурра ба тасарруфи худ даровард ва шоҳи Шумон лақаби шоҳи Шумону Аҳорунро гирифт. Бо ҳамин ба вуҷуд доштани вилояти таърихие бо номи Аҳорун дар водии Ҳисор хотима гузошта шуд. Сабаби ба ҳу­ҷуми шоҳи Шумон тоб наовардани шоҳи Аҳорун боз дар он буд, ки Аҳорун пеш аз ин ду бор аз ҷониби арабҳо тасарруф ва ғорат гардида буд: чунонки дар солт 700 сарлашкари араб Муҳаллаб ба Ахарун ҳуҷум кард ва чанд муддат дар Аҳорун лаш­каргоҳ сохт. Баъд аз чанд сол (704) писари Муҳаллаб — Муфаззал ба Аҳорун ва Шумон ҳуҷум намуда, онҳоро ғорат кард ва амволи ғоратнамудаашро дар байни аскарон тақ­сим намуд. Шумон ва дар ҳайати он Аҳорун тибқи хабари Табарӣ охирин бор дар соли 709—710 аз ҷониби Қутайба ибни Муслим забт ва ғорат гардиданд.

Арабҳое, ки пеш аз Шумон бо Аҳорун шинос гардида буданд, дар рӯйхатҳои хироҷ дар ибтидо маҳз Аҳорунро нишон додаанд, на Шумонро. Чунончи Ибни Хурдодбеҳ хироҷро аз вилоятҳои минтақа ин тавр ёд намудааст: «Аҳорун — 32000 дирҳам, Чағониён — 48500 дирҳам, Босоро — 7000 дирҳам, Вашгирд — 1000 дирҳам». Тавре дида мешавад, Шумон дар рӯйхат ёд нагардидааст.[1]

Эзоҳ вироиш

  1. Энсиклопедияи Миллии Тоҷик, Ҷилди 2. АСОС-БОЗ — Душанбе: Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи Миллии Тоҷик, 2013, — с.131 / Ғ. Ғоибов.

Адабиёт вироиш

  • Ғоибов Ғ. Таърихи Ҳисори Шодмон, Чағониён ва Душанбе. — Душанбе, 1999;
  • الطبری. تاریخالرسولوالملوک. ج۳. القاهرة،۱۹۶۴