Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон


Ахбóри Маҷлѝси Олѝи Ҷумҳурѝи Тоҷикистóн (солҳои 1991–1995 Ахбори Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон) — нашрияи мақомоти олии қонунгузори мамлакат, ки соли 1938 таъсис ёфтааст. То сентябри 1991 «Ведомостҳои Шӯрои Олии ҶШС Тоҷикистон» ном дошт. Аввал даврӣ нашр мегардид. Аз соли 1946 ҳар моҳ як маротиба (соле 12 шумора) ба забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ӯзбекӣ чоп мешуд. Аз декабри 1999 ба забонҳои тоҷикӣ ва русӣ ба табъ мерасад. Дар он қарору қонунҳои Маҷлиси миллии ҶТ, Маҷлиси намояндагони ҶТ, матолиби ҷала­саҳои якҷои ҳар ду палатаи парламенти мамлакат, тафсирҳои муҳимми Суди Олии ҶТ ва Суди Конститутсионии ҶТ, инчунин санадҳои байналмилалие, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон онҳоро ба тасвиб расондааст, чоп мешаванд.[1]

Эзоҳ вироиш

  1. Энсиклопедияи Миллии Тоҷик, Ҷилди 2. АСОС-БОЗ – Душанбе: Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи Миллии Тоҷик, 2013, - с.132