Ашҳарии Нишопурӣ (форсӣ: اشهری نیشابوری‎; ? — 1210, Нишопур) — шоири қасидасарои форс-тоҷик ва муншии султон Муҳаммад ибни Текеш, аз шогирдони Заҳири Форёбӣ.

Ашҳарии Нишопурӣ
Таърихи даргузашт: 1204
Навъи фаъолият: шоир, нависанда

Зиндагинома вироиш

Ба қавли тазкиранигор Давлатшоҳи Самарқандӣ аз фозилону хуштабъони замон будааст. Насабаш ба Умари Хайём мерасидааст. Дар дарбори султон Муҳаммад ибни Тикеш муншӣ буд. Дар алқоб ва иншо рисолаҳо доштааст, ки якеашон «Рисолаи Шоҳфурӣ» мебошад.

Абёти зерин аз ӯянд:

Рӯзгор ошуфтатар ё зулфи ту, ё кори ман?
Зарра камтар ё даҳонат, ё дили ғамхори ман?
Шаб сияҳтар ё дилат, ё ҳоли ман, ё холи ту?
Шаҳд хуштар ё лабат, ё лафзи гавҳарбори ман?
Назми Парвин хубтар, ё дурр, ё дандони ту?
Қомати ту росттар ё сарв, ё гуфтори ман?
Васли ту дилҷӯйтар ё шеърҳои нағзи ман?
Ҳаҷри ту дилсӯзтар ё нолаҳои зори ман?

Эзоҳ вироиш

Адабиёт вироиш

  • Давлатшоҳи Самарқандӣ. Тазкирату-ш-шуаро. Душанбе, 1999.