Шуҳрат Ашӯров (Шуҳрат Абдулвоҷидович Ашӯров; 25 апрели 1978, Душанбе) — иқтисоддон, номзади илмҳои иқтисод (2004).

Шуҳрат Ашӯров
Шуҳрат Абдулвоҷидович Ашӯров
Таърихи таваллуд 25 апрел 1978(1978-04-25) (45 сол)
Зодгоҳ Душанбе
Кишвар  Тоҷикистон
Фазои илмӣ иқтисодиёт
Дараҷаи илмӣ: номзади илмҳои иқтисод
Унвонҳои илмӣ дотсент
Алма-матер Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон

Зиндагинома вироиш

Шуҳрат Абдулвоҷидович Ашӯров факултаи иқтисодиёти кишоварзии Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Ш. Шоҳтемурро хатм кардааст (1999). Аспирант, инспектори калони Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон (2000—2004). Дар мавзӯи «Формирование и проблемы совершенствования системы управления в рыночных структурах аграрного сектора Республики Таджикистан» рисолаи номз. дифоъ кардааст (2004). Минбаъд дотсенти каф. назарияи иқтисод (2004-07), декани факултаи кор бо донишҷӯёни хориҷӣ (2007—2008), мудири шуъбаи равобити байналмилалии Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон шуда кор кардааст (2008-17). Аз соли 2018 мудири кафедраи назарияи иқтисоди Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон. Муаллифи 30 таълифоти илмӣ, аз ҷумла дастури таълимӣ-методӣ.[1]

Эзоҳ вироиш

  1. Аз асл ба насл. — Душанбе, 2019. — 215 с.(тоҷ.). ISBN 978-99947-958-2-6